БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР АГЕНТӢ
Санаи 17 марти соли равон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинар-машварат дар мавзуи муқовимат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа – экстремизм ва терроризм баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин масъулини муассисаҳои таълими касбии низоми Агентӣ ва филиалҳои он дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки семинар-машварати мазкур дар доираи тадбирҳо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, инчунин татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва таҳияи санадҳои нави соҳавӣ барои марҳилаи минбаъда доир карда шуд.
Дар рафти ҳамоиш Прокурори Маркази ягонаи иттилоот оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуродзода Сиёвуш Алихон оид ба муҳтавои сиёсӣ, мазмун ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла лоиҳаи нави сандаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040, инчунин барномаҳои дахлдори давлатӣ маъруза намуд.
Ҳамзамон сармутахассиси раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарён Мансур вобаста ба мавзуи «Суистифода аз бовариҳои динӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои экстремистӣ» суханронӣ кард.
Дар фарҷоми семинар муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муродзода Умед таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, бедории миллӣ, зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ