ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ МУҲТАРАМ САИДЗОДА ШАҲБОЗ МАЙДОН БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик ва таҳният менамоем.
Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии аҷдодӣ ва рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, созандагиву ободкорӣ ва покиву накӯкорӣ дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақому манзалати хос дорад. Ин оини муқаддасу инсонпарвар ҳар сол бо паёми сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнати созанда ва умед ба фардои нек дар фазои ҷомеа руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Ин рӯзи мубораку фархунда, аз ниёгони мо дар тули ҳазорсолаҳо такмилу таҳаввул ёфта, чун нишони худогоҳии миллӣ то ба имрӯз омада расидааст.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи вориси арзандаи ниёгонамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст.
Наврӯзро метавон тантанаи пирӯзии адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, ибтидои ҳамаи бунёдкориҳо ва амалӣ гаштани ниятҳои нек арзёбӣ намуд ва он дар байни мардуми мо ва дигар халқу миллатҳо маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрӯз маъруфият пайдо кардааст.
Иди байналмилалии Наврӯзро ба Шумо ҳамватанони азиз табрику таҳният намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, файзу баракати хонадон, хушиҳои рӯзгор ва амалӣ гаштани тамоми нияту орзуҳои некро таманно менамоем.
Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!