Главная / Все новости
    МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

                                                                                МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, инчунин намояндагони иттифоқҳои касаба ва корфармоён иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳифзи меҳнат ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини шароити бехатару арзандаи меҳнат, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон равона гардидааст.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо иштирокдорон вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон, ҷорӣ намудани стандартҳои муосири бехатарӣ ва таҳкими низоми назорати дохилиидоравӣ андешаронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки татбиқи чорабиниҳои самаранок дар ин самт ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва коҳиш додани бемориҳои касбӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, намояндагони иттифоқҳои касаба ба масъалаи тақвияти назорати ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъмини амнияти техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандонро омили муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва беҳтар намудани шароити меҳнат пешниҳодҳои мушаххас ироа гардида, табодули афкор сурат гирифт.

Наши партнеры