Главная / Все новости
 МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

                                                                   МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

27 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷояи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Оқилзода Ғайрат Аҳмад ва муовини якуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Нӯъмон Обидзода иштироку баромад намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола санаи 28 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат ҷашн гирифта мешавад. Таъсиси ин рӯз бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат роҳандозӣ гардида, аз соли 2003 инҷониб дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.

Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ мебошад.

Наши партнеры