ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Санаи 24 апрели соли равон дар чорабинии мазкур роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ, намояндагони иттифоқҳои касаба ва фаъолони соҳа иштирок намуданд.
Муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина Исмоил зимни ифтитоҳӣ ҳамоиш иброз дошт, ки ҳифзи меҳнат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини шароити бехатару мусоиди меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон равона гардидааст.
Сардори Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мардонзода Гулбаҳор ва сардори Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Муминов Одилҷон дар маърузаҳои худ таъкид намуданд, ки татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон, ҷорӣ намудани стандартҳои муосири бехатарӣ ва таҳкими назорати дохилиидоравӣ аз омилҳои муҳими пешгирии ҳодисаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ мебошанд.
Намояндагони иттифоқҳои касаба низ оид ба нақши назорати ҷамъиятӣ дар риояи қонунгузории меҳнат андешаронӣ намуда, таъмини амнияти техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандонро шарти муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатӣ арзёбӣ карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор фаъолони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди ҳифзи меҳнат бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.