Главная / Все новости
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ

                                                                                      МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ҶАВОНОН

Субҳи 2-юми майи соли 2026 кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолиӣ бо мақсади баргузор намудани чорабинии оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва теренкур – роҳгардии саломатӣ, таҳти унвони “Миллати ҷисман солим – руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бо роҳнамоии устодони варзиш-кормандони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона варзиши пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.

Чунин чорабиниҳои дастаҷамъонаи ҳамкорон як падидаи бисёр ҷолиб, фараҳбахш, ба саломатию бардамии ҳар як фарди ҷомеа пурманфиат ва саршор аз ҷаҳони маънавии андешаи ватандӯстӣ, осоиштагӣ, қадршиносии обу хоки ин сарзамини нотакрор - Ватани маҳбубамон ба шумор меравад.

Наши партнеры