Главная / Все новости
БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТӢ АЗ СОХТОРҲО ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТӢ АЗ СОХТОРҲО ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

     Рӯзи 24 сентябр гурӯҳи кории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  муовини якуми директори Агентӣ Иброҳимзода С.Ҳ.  ва   сардори раёсати бозори меҳнат Давлатов С. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти сохтори Агентӣ дар  ноҳияи Хуросон,  сафарбар гардиданд. Зимни боздид фаъолияти сохтори Агентӣ дар ноҳияи Хуросон,  дар 9 моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

   Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои бокортаъминкунии аҳолӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекасбу кор, баргузории ярамаркаҳои ҷойҳои корӣ холӣ ва вазифаҳои озод ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистони солҳои 2024-25 ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Наши партнеры