ВАҲДАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои олии давлатдории тоҷикон ва заминаи асосии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба шарофати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар сулҳу субот пойдор гардида, барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва беҳбудии зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ ба муттаҳид шудани ҷомеа, барқарор гардидани эътимоди мардум ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат намуд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти ваҳдати миллӣ чунин таъкид намудаанд:
«Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди бузургтарин ва муқаддастарин буда, он ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, пешрафти ҷомеа ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар хизмат мекунад».
Инчунин Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд:
«Мо бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намоем ва барои таҳкими онҳо ҳамеша кӯшиш кунем.»
Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси рушд ва пешрафти Тоҷикистон хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ метавон истиқлолиятро таҳким бахшида, Тоҷикистони обод, пешрафта ва соҳибэътиборро ба наслҳои оянда мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ кафили сулҳ, субот ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муовини сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд
Наимҷон Тоҳирзода