Главная / Все новости
  МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН”

                                                                              МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН”

Санаи 23-юми июни соли ҷорӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба ҷашни 29 – солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Саидзода Шаҳбоз Майдон - директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хоҷаев Ҳимат Зуҳурович – мудири шуъбаи таълими методии Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони низоми меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мизи мудавварро директори Агентӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон оғоз карда қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо пояи асосии эҳёи давлатдорӣ ва пойдории ҷомеа, балки арзиши муҳими сиёсиву маънавӣ мебошад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар кишвар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таҳким ёфта, заминаи мусоид барои рушди устувори ҷомеа фароҳам омадааст.

Намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони низоми меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, Хоҷаев Ҳимат Зуҳурович зикр намуд, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли мусолиматомези низоъҳо ҳамчун намунаи арзишманд дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар он саҳми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.

Дар фарҷом директори Агентӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон бори дигар иштироккунандагонро бо ин иди таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат фазои орому осуда, сиҳативу саломатӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро орзу намуданд.

 

Бахши иттилотии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры