Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТӢ АЗ СОХТОРҲО ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТӢ АЗ СОХТОРҲО ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

     Рӯзи 24 сентябр гурӯҳи кории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  муовини якуми директори Агентӣ Иброҳимзода С.Ҳ.  ва   сардори раёсати бозори меҳнат Давлатов С. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар  ноҳияҳои Хуросон, Вахш, Кушониён ва Дусти сафарбар гардиданд.  Зимни боздид фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар  9 моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

  Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои бокортаъминкунии аҳолӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекасбу кор, баргузории ярамаркаҳои ҷойҳои корӣ холӣ ва вазифаҳои озод ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистони солҳои 2024-25 ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Шарикони мо