Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ  ВА  ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ  ВА  ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ИТТИҲОДИ  ШИКАСТНОПАЗИРИ  ТАҚДИРИ МО

                                                                                                                

         «Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду мафҳуми ба ҳам пайваста ва тавъам мебошанд, зеро ваҳдату якдилӣ заминаи асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҷомеа аст».  

«Ваҳдати миллӣ барои мо кафолати пойдории Истиқлолият, рушди давлатдорӣ ва ҳаёти осоиштаи ҳар як шаҳрванд мебошад».

                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

Таърих як ҳақиқати бузургро исбот кард, ки ҳеҷ Истиқлолияте пойдор намемонад, агар дар заминаи он якдиливу ягонагӣ набошад. Маҳз барои ҳамин, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ — ду боли як уқоби баландпарвози тақдири мо ҳастанд. Оне бе ин дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

Биёед  имрӯз суханро на аз рақамҳои хушку холӣ ва ҳисоботҳои расмӣ, балки аз як саволи оддӣ, вале ҳаётӣ оғоз кунем. Истиқлолият барои ҳар як нафари мо, барои устоду шогирд, барои ҳар як корманд, барои ҳар як оила ва фарзанди ин диёр чӣ маъно дорад?

Таърихи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо яке аз саҳифаҳои душвортарин ва ҳамзамон шарафмандтарини кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Соли 1992 пас аз ба даст овардани Истиқлолият, кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ, харобии иқтисодиёт ва оворагии миллионҳо ҳамватан гардид. Дар он рӯзҳои тираву тори таърих, тақдири давлатдории тоҷикон дар мӯйе овезон буд ва хатари Порчаву нест шудани миллат воқеан эҳсос мешуд.

Нуқтаи гардиши таърихӣ ва наҷоти миллат баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ноябри соли 1992) гардид. Дар ин рӯйдоди муҳим роҳбарии давлат ба зиммаи фарзанди ҷасуру ватандӯсти халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Сарвари ҷавони давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам!»-ро пеш гирифта, раванди тӯлонӣ, душвор ва заҳматталаби гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷиконро оғоз намуд, ки нишонаи хиради азалӣ ва таҳаммулпазирии халқи мо буд.

Пас аз ҳашт даври гуфтушунидҳои пайваста ва сафарҳои пуртаҳлука, сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат ба натиҷаи деринтизор расид. Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санаи муқаддас, ки ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, на танҳо нуқтаи ниҳоии фоҷеаи миллӣ, балки оғози давраи нави созандагӣ, эҳёи иқтисодӣ ва кафолати устувории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид.

Маълум аст, ки таърих рақамҳоро дӯст медорад. Вале биёед ба ин рақамҳо на бо чашми омор, балки бо чашми эҳсос назар кунем. Оё медонед, ки СММ ба зинда мондани давлати мо имконияти сифрӣ дода буд? Оё лаҳзаҳои даҳшати ағбаи Анзобро касе фаромӯш кардааст?... Маҳз Ваҳдат буд, ки ин "сифр"-ро ба "сад" ва он "марг"-ро ба "ҳаёт" табдил дод!

Вақте, ки дар солҳои 1992–1993 коршиносони байналмилалӣ ва таҳлилгарони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) вазъияти Тоҷикистонро арзёбӣ мекарданд, пешгӯиҳо фоҷиабор буданд. Онҳо ба зинда мондани Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид тақрибан имконияти сифрӣ (0%) медоданд. Пешгӯӣ мешуд, ки кишвар пурра тақсим шуда, аз харитаи ҷаҳон нест мешавад.

Аммо хиради халқи мо ҷаҳонро ҳайратзада кард. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон чунон беназир ва феноменалӣ буд, ки СММ онро расман «Модели беназири ҳалли низоъҳои дохилӣ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ» эътироф намуд. Тоҷикон кореро карданд, ки сиёсатшиносони ҷаҳон онро ғайриимкон меҳисобиданд.

Маҳз ҷасорати сиёсӣ ва иродаи шикастнопазири фарзанди ҷасуру фидокори миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки шиори аслии давлатдорӣ аз рӯзҳои аввал барқарор кардани сулҳи пойдор ва таъмини амнияти ҳар як шаҳрванд қарор гирифт. Сарвари давлат бо дарки амиқи масъулият дар назди таърих ва насли оянда, ҷони худро ба гарав монда, раванди душвори гуфтушунидҳои сулҳро роҳандозӣ намуданд ва ба ҷаҳониён исбот карданд, ки хиради азалии тоҷикон аз ҳар гуна низоъ баландтар аст.

Нақши беназири Пешвои миллат танҳо бо хомӯш кардани оташи ҷанг маҳдуд намешавад. Сарвари давлат тавонистанд Ваҳдати миллиро ба як мактаби бузурги созандагӣ ва меҳвари иқтисодиву сиёсии кишвар табдил диҳанд. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Худ, устувории Истиқлолияти давлатӣ таъмин гардида, Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба як давлати рӯ ба рушд, ташаббускори глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ ва намунаи бесобиқаи сулҳҷӯйи табдил ёфт. Ин нақши таърихӣ имрӯз ҳамчун таҳкурсии калидӣ ба мо имкон медиҳад, ки бо боварии комил ба сӯи рақамикунонӣ, модернизатсияи бозори меҳнат ва ояндаи дурахшони технологӣ қадамҳои устувор гузорем.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз 1 миллион нафар (яъне тақрибан панҷяки аҳолии онвақтаи кишварро) маҷбур кард, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Хатти сурхи ин фоҷиа дар он буд, ки зиёда аз 100 ҳазор нафар ба он сӯи дарёи Панҷ  ба Афғонистони ҷангзада паноҳ бурданд.

 Маҳз дар ҳамон рӯзҳои вазнин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони таърихие занданд, ки касе ба он бовар намекард: «Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам гирифт, ҳатто агар дар ин роҳ ҷони худро қурбон кунам». Дар таърихи башарият тақрибан намунае вуҷуд надорад, ки давлат дар кӯтоҳтарин муддат қариб 100%-и гурезаҳоро аз хориҷа ба Ватан баргардонад, онҳоро бо амният ва хонаву ҷой таъмин кунад. Ин зафари бузурги раҳму шафқати миллии мо ва заҳматҳои бенназири шабонарӯзии роҳбари ҷавону оќил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳо буд!

Дар солҳои 1990-ум Тоҷикистон на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, балки аз назари ҷуғрофӣ низ пора-пора буд. Зимистонҳо аз сабаби барфбандии ағбаҳои даҳшатноки Анзоб, Шаҳристон ва Чормағзак, кишвар ба 3 қисми аз ҳам ҷудо тақсим мешуд. Ағбаи Анзобро мардум «роҳи марг» меномиданд, зеро ҳар сол даҳҳо нафар дар зери тармаҳо ё гази заҳролуди нақбҳои нимсохта ба ҳалокат мерасиданд ва роҳ аз Душанбе ба Хуҷанд зиёда аз як шабонарӯзи пур аз хатару тарсро талаб мекард.

Ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият, кишвари мо муъҷизаи инфрасохторӣ нишон дод. Имрӯз он ағбаҳои марговар ба нақбҳои нуронии «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Хатлон» табдил ёфтанд. Вақти сафар дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз 24 соати хатари марг ба 4–5 соати ҳаракати бароҳат ва бехатар коҳиш ёфт! Кӯҳҳое, ки моро асрҳо аз ҳам ҷудо мекарданд, ба шарофати Ваҳдат ба пулҳои пайвандгар табдил ёфтанд!

Дар аввали солҳои 1990-ум Неругоҳи Барқи Обии Роғун як лоиҳаи партофташуда, зери об монда ва гӯё барои ҳамеша аз даст рафта буд. Иқтисодиёт дар харобазор қарор дошт, кишварро буҳрони шадиди энергетикӣ фаро гирифта буд ва зимистонҳо мардум ҳамагӣ 2-3 соат барқ мегирифтанд. Худи фикри сохтани Роғун дар он шароит як афсона ё утопия менамуд.

Имрӯз Роғун — ин танҳо як сохтмон нест, ин рамзи қудрати миллати муттаҳид аст. Баландии сарбанди он баландтарин сарбанди гилию сангрезии ҷаҳон хоҳад шуд. Вақте ки агрегати аввалини онро Сарвари давлат ба кор дароварданд, миллионҳо тоҷикистониён бо ашки шодӣ дар чашм ин лаҳзаро тамошо карданд. Давлате, ки 30 сол пеш кӯмаки башардӯстона мепурсид, имрӯз азимитарин иншооти энергетикиро месозад, ки метавонад тамоми Осиёи Марказиро бо нури тоза таъмин кунад!

Ваҳдати имрӯзаи мо — ин танҳо набудани ҷанг нест. Ин ваҳдати мо дар фазои маҷозӣ (интернет) аст. Муҳофизати ҷавонон аз идеологияҳои бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстии рақамӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва технологияҳои муосир — ин устувории нави Ваҳдати мо дар асри XXI аст.

Дар солҳои 90-ум ва 2000-ум ҳадафи асосии Тоҷикистон танҳо зинда мондан ва таъмини сулҳу оромӣ буд. Имрӯз ҳадаф дигар шудааст — мо бояд рақобатпазир бошем.

Агар 30 сол пеш мо барои ҳар як сонияи оромӣ мубориза мебурдем, имрӯз мо бояд барои ҳар як ҷойи кории муосир, барои сифати таҳсилоти ҷавононамон ва барои рақобатпазирии иқтисодиёти худ дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза барем. Ваҳдати миллӣ ба мо замина дод, ки аз мудофиа ба ҳуҷуми созандаи иқтисодӣ гузарем.

Ягон қонун ё реформа фаъолият намекунад, агар дар замири инсонҳо ҳисси баланди масъулият ва принсипҳои ахлоқӣ набошад. Ваҳдатро маҳз инсонҳои фидокор, боинтизом ва бовиҷдон (хосатан дар сохторҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ) нигоҳ медоранд.

Ваҳдат аз худи мо оғоз мешавад — аз интизоми кории мо, аз масъулияти мо дар назди вазифа, аз иҷрои касби худ бо виҷдони пок ва аз гузоштани манфиати давлату миллат болотар аз манфиатҳои шахсӣ.

Вақте мо дар бораи ояндаи Ватан сухан мегӯем, набояд танҳо бо дастовардҳои гузашта маҳдуд шавем. Мо бояд қадамҳои нав гузорем.

Дар ин замина, лозим аст, ки мо раванди рақамикунонии хизматрасониҳо ва ташкили бонки мутамаркази маълумотро (база данных) дар соҳаи худ боз ҳам суръат бахшем. Ин қадам имкон медиҳад, ки сифати кор ва идоракунӣ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ наздик шуда, устувории иқтисодии моро, ки заминаи Ваҳдату Истиқлолият аст, таъмин намояд.

Барои устувор нигоҳ доштани ин дастовардҳо мақсад гӯем, ки барномаҳои махсуси такмили ихтисос ва омодасозии кадрҳои ҷавонро дар асоси технологияҳои нав ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ роҳандозӣ кунем. Зеро кафили асосии ҳифзи Ваҳдат ва Истиқлолият дар асри XXI — ин захираи кадрӣ – кадрҳои босавод, рақобатпазир ва соҳибтаҷриба мебошанд.

Ҷиҳати баланд бардоштани интизоми кории кормандон ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар назди вазифаҳои давлатӣ чорабиниҳои мақсаднок роҳандозӣ кунем. Ҳар як хизматчии давлатӣ ва корманди сохтори мо бояд дарк кунад, ки иҷрои содиқонаи вазифа — ин саҳми бевоситаи ӯ дар ҳифзи суботи кишвар аст.

Вақте мо дар бораи устувории Истиқлолият ва рушди Ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, кафили асосии ин субот — ба танзим дарории бозори меҳнат ва таъмини шуғли муносиби аҳолӣ мебошад. Мо набояд танҳо бо нишондиҳандаҳои ҷорӣ маҳдуд шавем, мо бояд ҳамқадами аср бошем.

Бинобар ин, дар ин замина мувофиќи маќсад мебошад, ки дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар қадамҳои стратегии зайлро роҳандозӣ намоем.

Рақамикунонии комили хизматрасониҳо ва ташкили Бонки мутамаркази рақамии маълумот. Ин иқдом имкон медиҳад, ки бозори меҳнат, талаботи корфармоён ва захираҳои кории мо дар реҷаи онлайн (дар вақти воқеӣ) идора карда шуда, раванди бокортаъминкунии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва занон, шаффоф ва фаврӣ гардад.

Мутобиқсозии низоми омодасозии кадрҳо ба Стандартҳои ҷаҳонӣ ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат. Мо бояд таҷрибаи байналмилалии ТБМ-ро дар самти "Кор ва шуғли муносиб" (Decent Work) ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон ба таври васеъ ҷорӣ кунем. Низоми таълими касбии калонсолон ва марказҳои таълимиро ба дараҷае расонем, ки сертификатҳои мо дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ эътироф карда шаванд.

Модернизатсияи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ. Гузариш аз муҳоҷирати стихиявӣ ба муҳоҷирати муташаккилона ва касбӣ. Тавассути баланд бардоштани малакаи касбӣ ва забондонии муҳоҷирон, мо на танҳо обрӯи миллатро дар хориҷа ҳифз мекунем, балки амнияти иқтисодии оилаҳо ва давлати худро устувор мегардонем.

Маҳз бо ҳамин роҳ, бо меҳнати созишпазир ва қадамҳои инноватсионӣ  мо метавонем кохи боҳашамати Ваҳдат ва Истиқлолияти худро барои насли оянда боз ҳам устувортару зеботар гардонем.

«Зиндаву ҷовид бод Тоҷикистони маҳбуби мо!»

 

    САДРИДДИНЗОДА АВРАНГЗЕБ БОБОҶОН

           Муовини якуми директори Агентӣ

 

 

Шарикони мо