Миёнаравӣ дар бозори меҳнат
Дар робита ба ин, дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2022 дар соли ҷорӣ ташкил ва баргузор намудани ин чорабини мунтазам пешбинӣ гардидааст. Яке аз чораҳои фаъоли миёнаравӣ дар бозори меҳнат ин ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ба шумор меравад. Ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ба манфиати шахсони корҷӯй ва корфармо буда, ба онҳо имконияти васеи дарёфти ҷойи кор ва мутахассиси мувофиқ фароҳам меорад. Ҳамзамон ин чорабини яке аз нишондодҳои сатҳи ҳамкорӣ миёни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоён дар раванди бокортаъминкунии шахсони бекор буда, тақвият бахшидан ба он дар фаъолияти корӣ дар мадди аввал меистад.
Бо мақсади муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнати шаҳри Душанбе дар давоми моҳҳои январ- феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе 2 маротиба аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар ин чорабиниҳо намояндагони (кормандони самти кадрии) 17 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо бо пешниҳоди қариб 1185 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод фаъолона иштирок намуданд.
Аз шумораи умумии ҷойҳои кории холии пешниҳод гардида, аз рӯи тақсимоти соҳавӣ метавон гуфт, ки норасоии кормандон бештар ба соҳаҳои саноат, нақлиёт ва алоқа, тандурустӣ, маориф, манзилию коммуналӣ, савдо ва дигар намуди хизматрасониҳо рост меояд.
Тавассути ярмаркаҳои дар ин давра баргузор гардида 10 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 17 нафар хоҳишмандон ба курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ номнавис ва сафарбар карда шуданд, ки ин шумора дар маҷмуъ 27 нафар ба шуғл таъминшудагонро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки доир ба вақт ва макони баргузории ин чорабиниҳо тавассути васоити ахбори омма (шабакаҳои телевизионӣ ва радио) эълонҳо интишор гардида, аз рафти он дар барномаҳои хабарӣ ба бинандаю шунавандагон маълумот пешниҳод карда мешавад.
Мутахассиси пешбари Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ Бахтовари Ҷурахон