Главная / Все новости
КОРҲОИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР "ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"

                                                               КОРҲОИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР "ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"

Тибқи дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва он муҳоҷироне, ки омодаи сафар ҳастанд гузаронида шуд.

Дар рафти сӯҳбат бо муҳоҷироне, ки аз кишварҳои хориҷа ба ватан баргаштаанд сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо тавсияҳо оид ба қонунгузории давлатҳои хориҷа, будубоши шаҳрвандон, бо ҷойҳои кории холӣ (вакансияҳо) дар ширкатҳои ватанӣ, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид дода шуд.

Наши партнеры