Главная / Все новости
БА ДИҚҚАТИ КОРҶӮЁН !

БА ДИҚҚАТИ КОРҶӮЁН !

 

     Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои  тобеи он, дар  якҷоягӣ бо корхонаҳои саноатии  ҳудуди шаҳри Душанбе дар назди бинои Муассисаи " Сирки давлатии Тоҷиуистон" воқеъ дар кучаи Саъди Шерозӣ-16  рӯзи  18  уми феврал соли 2022 яармаркаи соҳавии умумишаҳрии ҷойҳои кории холи ва вазифаҳои озод баргузор менамояд.

     Дар ярмарка роҳбарон ва шӯъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо, субъектҳои хоҷагидорие, ки барои фиристодан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷозатнома доранд ва дигар корфармоёни шаҳри Душанбе даъват карда мешаванд.

        Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан ба Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”ва дигар марказҳои таълимии назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дода мешавад ва инчунин шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳиши рафтан доранд метавонанд дар ярмаркаи мазкур иштирок намоянд.

 

ҲАМАИ  ШУМОРО  БА  ЯРМАРКАИ  ҶОӢҲОИ  КОРИИ ХОЛӢ  ВА  ВАЗИФАҲОИ  ОЗОД  ДАЪВАТ МЕНАМОЕМ.

ОҒОЗИ ЯРМАРКА СОАТИ 9.00

Наши партнеры