Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
  МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “МАЛАКАҲОИ САБЗ ВА ШУҒЛИ УСТУВОР БАРОИ ШАҲРВАНДОН”

                                                          МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “МАЛАКАҲОИ САБЗ ВА ШУҒЛИ УСТУВОР БАРОИ ШАҲРВАНДОН”

Дар Корхона воҳиди давлатии «Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе» баҳри иҷроиши Нақшаи кории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои нимсолаи якуми соли 2026, мизи мудаввар дар мавзӯи “Малакаҳои сабз ва шуғли устувор барои шаҳрвандон” доир гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандон, омӯзгорон, касбомӯзон ва корманди Маркази захиравии муҳоҷирон Н.Фаромузова ба ҳайси коршинос иштирок варзиданд.

Мақсади асосии чорабинии зикргардида, шиносоӣ бо мафҳумҳои нави принсипҳои ESG (Environmental, Social and Governance), малакаҳои сабз (Green Skills), яъне истифодаи дониш, қобилият ва арзиш барои рушди ҷомеаи устувор мебошад. Ҳамчунин тавассути шуғли устувор кам кардани хароҷот, сарфаи захираҳо, баланд бардоштани садоқати кормандон ва сармоягузорон ба арзишҳои корхона, шароити бехатари кор, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ карда шуд. Дар оянда ҷорӣ намудани малакаҳои сабз дар барномаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар фарҷом доир ба мавзуъ суолу ҷавоб доир гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе»

Шарикони мо