Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
  ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ САИДЗОДА ШАҲБОЗ МАЙДОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

                                                                                        ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН

                       ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ САИДЗОДА ШАҲБОЗ МАЙДОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамватанони азизу гиромиқадр!

Бо ифтихору шарафмандӣ ва эҳсоси шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва Ваҳдати комил сартосарӣ якояки Шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саломатии бардавом, рӯзгори хушу осуда, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу менамоям.

Рӯзи 27-уми июн ҳамчун рамзи сулҳ, якдилӣ ва бародарии миллати тоҷик, барои ҳар яки мо ифтихори миллӣ ва пояи бақои давлатдорӣ мебошад. Маҳз бо шарофати Ваҳдат имрӯз Тоҷикистони маҳбубамон дар роҳи ободиву созандагӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар ин рӯзи фараҳбахш бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи фитнаву дасиса ва хиёнатҳои як зумра афроди беандеша ва бадхоҳии хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ дар натиҷа ба оташи низои таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид.

Маҳз талошу заҳмат ва азхудгузаштаниҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки номи тоҷик на танҳо дар минтақа, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт. Бо заҳмату талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ дар кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон падид омад. Тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду дар зери самои сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ зиндагӣ намуданро ихтиёр карданд.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд: “Мо ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем”.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик нақши бениҳоят бузург дорад.

Рисолати таърихии ин санаи бузург аз он иборат аст, ки миллати сарбаланди тоҷик ба шоҳроҳи созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳоданд. Мавриди зикри хос аст, ки таҷрибаи таърихии сулҳофарии тоҷиконро имрӯз тамоми ҷаҳон меомӯзанду аз он сабақ мегиранд. Бинобар ин, Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарчашмаи таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ ва омили сарҷамъии мардум ба шумор рафта, яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин росто, бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиби сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ пешсаф буда, тамоми кӯшишу ғайрати худро минбаъд низ дар ин самт идома хоҳанд дод.

Дар фарҷоми сухан ба ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистон осоиштагиву хушиқболӣ, ҳаёти осуда, зиндагии бофайзу баракат ва ба кишвари азизамон осоиштагиву субот ва файзу нусрати ҳамешагиро таманно менамоям.

Бигзор, Ваҳдати миллӣ барои мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ ва кафили бақои давлату миллат ҷовидона бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Шарикони мо