Главная / Все новости
БОЗДИДИ ВАЗИР ВА ДИРЕКТОРИ АГЕНТИ

БОЗДИДИ ВАЗИР   ВА   ДИРЕКТОРИ АГЕНТИ  

  АЗ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТ ДАР ШУҒНОН

    Дар доираи сафари худ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо мақсади тақвияти фаъолияти сохторҳои вазорат тибқи консепсия ва нақшаву барномаҳои нави амал аз сохторҳои вазорат дар ноҳияи Шуғнон дидан намуд. Вазирро раиси ноҳияи Шуғнон  Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир ҳамроҳӣ карда, зимни боздид аз МДТ "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон" ташкили устохонаҳои таълими истеҳсолӣ, аз ҷумла барои ихтисосҳои дӯзанда, порагар бофанда ба нақша гирифта шуд. Барои устохонаҳои мазкур таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби шарикони рушд ба муассиса дастрас шуда, бунёди синфхонаҳои таълими истеҳсолӣ оғоз мегарданд. Сохторҳои вазорат дар ноҳия - раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва филиали МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар бинои наву замонавӣ, ки соли гузашта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, фаъолият намуда истодаанд. Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои касбомӯзии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) ду Маркази омӯзиши ҷавонон баъди таъмиру азнавсозӣ барои ташкили курсҳои омузишӣ омода мебошанд. Ҳамзамон, дар ин марказҳо, ки дар ҳамкорӣ бо МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" фаъолият менамоянд, утоқҳои машваратдиҳии равонӣ мавҷуданд ва барои омӯзиши касбии шахсони имконияташон маҳдуд афзалият дода шудааст, бо назардошти ин аз ҷониби вазир барои тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ мондани омӯзиш дастурҳои иловагӣ дод.

Наши партнеры