МУҲТАРАМ
БАРОТЗОДА БОБОХОН ХОЛ
Аз номи тамоми кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шуморо ба муносибати камолоти умр самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландӣ ва хушбахтиҳои пайваста таманно менамоем.
Шумо солҳои зиёдест, ки сарварии яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ - меҳнат ва шуғли аҳолиро ба зимма доред ва тайи фаъолияти босамар ба дастовардҳои назаррас шарафёб гаштаед. Саҳми чашмраси Шумо дар самтҳои тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи шуғли аҳолӣ, мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва нигоҳдории онҳо, таҳсилоти калонсолон ва бунёди чандин иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ арзишманд мебошад. Маҳз дар давраи роҳбарии Шумо интизоми меҳнат ва иҷрои чорабиниҳои гуногуни шуғли аҳолӣ таъмин ва барномаҳои созандаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ босубот пиёда гаштанд. Хусусан тавсеа ва рушди ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, шарикони иҷтимоӣ ва кордиҳандагони ҷумҳурӣ имкон доданд, ки дар ҷумҳуриамон садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд ва даҳҳо муҳоҷирони ба ватан баргашта бо ҷойҳои корӣ таъмин гарданд.
Мо бо тамоми вуҷуд ифтихор менамоем, ки мисли Шумо роҳбари кордону некандеш, сахтгиру корталаб, дар баробари ин адолатпарвар ва ғамхору дилсўз дорем, ки тақдиру пешрафти ҳар як мутахассис аз мадди назари аввали Шумо канор намондааст.
Бо беҳтарин орзуҳои неку созанда иҷозат диҳед Шуморо бори дигар бо нусрату баракати зодрўзатон шодбош гуфта, ба Шумо хушбахтиву сарбаландӣ, осудагиву пирўзиҳои нав ба нав ва ба аҳли оилаатон сидқу сафо, файзу сахо ва меҳру бақо орзу намоем.
Бо камоли эҳтиром,
кормандони Агентии
меҳнат ва шуғли аҳолӣ