Главная / Все новости
      ЭЪЛОН

                                                                                      ЭЪЛОН

                                                                              Ба диққати корҷўён!

     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар,шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рузи 15- уми июни соли 2023 соати 9:00 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар маркази шаҳри Бохтар назди театри вилояти ба номи Ато Муҳамадҷон баргузор менамояд. Дар ярмарка роҳбарон ва шуъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо,корхонаҳои саноатӣ даъват карда мешаванд.

Ба шаҳрвандоне, ки ихтисос надоранд барои касб омўхтан ба филиал ва намояндагиҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шахру ноҳияҳои, Бохтар, Дусти, Ёвон, Қубодиëн роҳхат дода мешаванд.

Шуморо ба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод даъват менамоем!

Оғози ярмарка соати 9:00

Наши партнеры