“Коргоҳҳои дузандагии навтаъсис дар ноҳияи Шаҳринав
ба фаъолият оғоз намуданд”
Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ташаккул ва дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, бахусус барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ 28 апрели соли 2022 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав се адад корхонаи дӯзандагӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорони ватани бунёд шудааст, ба фаъолият оғоз намуд.
Иқдоми мазкур, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷиҳати пурра ба роҳ мондани духти либосҳои мактабии босифат дар дохили ноҳия ва таъмини талаботи сокинон ба он, инчунин бо ин роҳу восита зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони бекор мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи коргоҳҳои дӯзандагӣ раиси ноҳияи Шаҳринав ва дигар намояндагони мақомоти давлатии ноҳия иштирок намуда, бо рафти фаъолияти коргоҳҳои мазкур шиносои намуданд.
Тибқи иттилои додаи соҳибкорон, коргоҳҳо дорои беш аз 30 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ буда, аз ҷониби чеварону дўзандагон ҳамарӯза 40 либос барои мактаббачагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми тайёр карда мешавад. Инчунин дар корхонаҳои мазкур зиёда аз 40 нафар занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки корхонаҳои дўзандагии ноҳияи Шаҳринав соли ҷорӣ барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия шартнома баста, беш аз 26 ҳазор нафар хонанда бо либоси мактабӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон, аз тарафи макомоти мехнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи ваколатҳои ба уҳдададошта ба кормандони корхонаҳои мазкур, бобати бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бастани шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнатӣ, ки талаботи он аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқии самти меҳнат бармеоянд кумаки методию амалӣ расонида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
Исоқулова Г.Р. - мутахассиси шуъбаи
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар ноҳияи Шаҳринав