Главная / Все новости
Семинари – машварати

Семинари – машваратї да мавзуи “Мусоидат ба корхонаю муассисањо дар татбиќи санадњои меъёрии њуќуќии самти мењнат”

 

     Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноњияи Шамсиддин Шоњин бо мақсади мусоидат намудан дар татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва бо ин васила баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии корфармо ва кормандони корхона, ташкилот, муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидори фаъолияткунандаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноњия пайваста чорабинию вохўрињо ташкил менамояд.

     Бо њамин мақсад рӯзи 16 сентябри соли 2022 дар шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар асоси нақшаи-чорабиниҳои тасдиқгардида  бо иштироки кормандони корхонаю муассисањои соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, молия ва саноат семинари - машваратї дар мавзуи “Мусоидат ба корхонаю муассисањо дар татбиќи санадњои меъёрии  њуќуќии самти мењнат” баргузор гардид.

     Бояд ќайд намуд, ки пеш аз оғози чорабинии болозикр дар назди бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолї бо иштироки 14 адад корхонаю муассисањо ва зиёда аз 100 нафар корҷӯён ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ соҳаи саноат баргузор гардида, якқатор шаҳрвандони корҷӯй соҳиби љойи кори доимї шуда бо маоши хуб таъмин гардиданд.

     Баъдан семинари - машваратӣ оғоз гардида, сараввал сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолї дар ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин Шокирзода А., дар бораи як ќатор санадњои меъёрии њуќуќии самти муносибатњои мењнатї аз љумла, доир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, 197 «Дар бораи Номгуйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии  рухсатӣ барои собиқаи кори давомнок» ва «Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиботи ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид», ки бо Фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз октябри соли 2019, №62 ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2019, 104 тасдиқ шудааст, баромад намуда ба њозирин талаботи онњоро гуфта дод.

   Дар рафти суханрони сардори шуъбаи Агентї ќайд намуд, ки ба кормандоне, ки дар як соіа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиѕаи кории давомнок мебошанд, аз їониби корфармо дар мувофиѕа бо намояндагони кормандон то 10 рўзи таѕвимњ рухсатии иловагњ дода мешавад. Дар сурати 5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи кории давомнок, ба муҳлати рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3, 5, 7 ва 10 рӯзи тақвимӣ илова карда мешавад.

         Инчунин ќайд гардид, ки муќаррароти дастурамали тавсиявї  тамоми пањлуњои тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва идро мутобиқи моддаҳои 154 ва 156  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Реҷаи навбатдории кормандоне, ки ба корҳои шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб карда мешаванд, бо кормандон мувофиқа шуда, аз ҷониби роҳбари корхона бо  фармоиш (қарор) тасдиқ карда мешаванд.  

         Соатҳои кории кормандоне, ки ба корҳои шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб карда мешаванд, дар ҳуҷҷатгузорӣ вобаста ба қайди кормандон варақаи баҳисобгирии вақти корӣ (Табели шакли Т-13) дар сутуни алоҳида нишон дода мешаванд. 

         Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробари меъёри муқарраршуда (на камтар аз 50 фоиз иловатан) ва музди кори изофакорӣ ва кор дар рӯзҳои истироҳату ид на камтар аз дукарата пардохт карда мешавад, ҳамзамон андозаи мушаххаси пардохт бо шартномаи коллективӣ, агар он баста нашуда бошанд, аз тарафи корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон, муқаррар карда мешавад.       

         Ќонунгузории амалкунанда тамоми масъалаҳое, ки ба корҳои шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид алоқаманд мебошанд ва дар ташкилот ин намуди фаъолият вуҷуд дошта бошад, ҳангоми ба имзо расонидани шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ дарҷ намудани масъалаҳои мазкур ҳатмӣ мебошад. Дар мавриди дар шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ дарҷ нашудани муқаррарот вобаста ба пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулӣ) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид, он кормандро аз музди меҳнати иловагӣ (иловапулӣ) маҳрум карда наметавонад.

         Шокирзода А., тартиби ҳисоб ва пардохт намудани иловапулӣ барои кори шабонаро ба иштироккунандагон бо мисолњои оммафањм фањмонида дод.

      Сипас сармутахассиси шуъбаи Агентетии меҳнат ва шуғли аҳолї дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назаров Ш., дар назди корфармоён, кормандон ва корљуйён баромад намуда, дар хусуси «Дастурамал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат», ки бо Фармоиши Вазири  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз        3 сентябри соли 2013, 126 тасдиқ шудааст суханрони кард.

   Ў низ вобаста муќаррароти дастурамали мазкур  маълумот дода, талаботи моддаи 108 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон мўњлатњои пардохти музди мењнатро шартномањои мењнатї, коллективї, созишномањои соњавї ё дигар санадњои меъёрии њуќуќї муќаррар менамоянд, вале он наметавонад дар њар ниммоња аз як маротиба кам бошад. Гуфта шуд, ки дар њолати бо айби корфармо аз мўњлати муќарраргардида дертар пардохт гардидани музди мењнат, корфармо вазифадор аст, ки ба корманд бо меъёри миёнаи фоизи бонк, ки Бонки миллии Тољикистон дар рўзи пардохти музди мењнат ё ќисми он муайян кардааст, барои њар як рўзи таъхир маблаѓи иловагї пардохт намояд.

     Илова ба ин сардори  хадамоти ҳифзи меҳнати Беморхонаи марказии ноҳия Икромов Ш. оид ба талаботи боби 7-и   Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, ки “Ваќти истироњат” номгузори гардидааст, доир ба пањлуњои масъалањои   истироњат ва дамгирии кормандони корхонаю муасиссањо ва дигар субектњои хољагидори фаъолияткунанда  маълумот манзур намудаанд.

     Дар анҷоми семинарии мазкур аз тарафи иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои болозикр ба масъулини соҳа суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

 

Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва  шуғли  аҳолӣ  дар  ноҳияи  Ш. Шоҳин

             Назаров Шайдулло

 

 

 

 

Наши партнеры