Главная / Все новости
Тавзеҳот

                            Тавзеҳот

ба “Тартиби ҷорӣ намудани руйхати кормандони

то 18-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

        Талаботи “Тартиби ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дар асоси талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, раванд ва мақсади он, ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ  мебошад.

  Ҳамзамон, тартиби мазкур, ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои меҳнатии кормандоне, ки ба синни то 18-сола ҷинс, иродаи озод ба меҳнат ва дигар ҳолатҳо, талаботи ҳатмии қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнати ноболиғонро ба инобат гирифта, ҳар як инсон ҳуқуқ ба интихоби озоди меҳнат ё розигии озод ба меҳнат, ихтиёрдории малакаи меҳнатии худ, интихоби касб ва самти фаъолиятро бидуни ҳеҷ гуна табъиз ва маҷбуриро дорад.

 

                                              Бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва

                                            шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                         аз « 6 » майи соли 2022 № 46

                                    ТАСДИҚ ШУДААСТ

 

Тартиби

ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Тартиби ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Тартиб) тибқи Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида раванд ва мақсади ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18- соларо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Тибқи тартиби мазкур дар хадамоти кадрии тамоми корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати кормандони то 18-сола бо нишон додани ҷинс, миллат ва вазъи иҷтимоӣ ба амал бароварда мешавад. 

3. Назорати иҷрои талаботи тартиби мазкур аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

4. Намунаи руйхати кормандони то 18-сола барои корхона ва ташкилотҳо аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад (замима мегардад).

 

2. ТАРТИБИ ШАРОИТИ КОР БАРОИ ШАХСОНИ ТО 18 - СОЛА

 

5. Тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми ба кор қабул намудан нисбати шахсони то 18 - сола дар вақти бастани шартномаи меҳнатӣ санҷиши пешакӣ муқаррар карда намешавад.

6. Давомнокии вақти кории ҳаррӯза (баст), ки  тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, бояд риоя шавад:

- барои кормандони аз 15 то 16 сола - 5 соат ва аз 16 то 18 сола - 7 соат;

- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд аз 14 то 16 сола - 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола - 3,5 соат.

7. Ба корҳои бо усули вахтавӣ иҷрошаванда, корҳои шабона кормандоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешаванд.

8. Риояи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд ичозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо таъмин карда мешавад.

9. Дастрасии табобат барои корманди то 18-сола бояд авлавият дошта бошад.

10. Ба корманди то 18-сола бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то ӯ тавонад бо забон ва шакле, ки ба ӯ мувофиқ аст, муроҷиат намояд ва ариза пешниҳод намояд, талабот ба муроҷиат бояд содда ва барои корманди то 18-сола фаҳмо бошад.

11. Ҳар як корхона ва ташкилот ҳангоми муроҷиати шахси то 18-сола барои ба кор қабул кардан, ҷанбаҳои зеринро бояд ба назар гирад:

- хоҳиши шахсии муроҷиаткунанда;

- ҳолатҳо ва шахсияти кормандони то 18-сола, аз ҷумла синну сол, ҷинс, миллат, дин, эътиқод, шахсияти фарҳангӣ ва дигар ҳолатҳо;

- мавқеи осебпазири кормандони то 18-сола ба монанди маъюбӣ, аъзои оилаи камбизоат, қурбониёни зӯроварӣ, мавқеи гуреза ё паноҳҷӯянда.

12. Ҳангоми қабули ариза муносибати одилона ва беғаразонаро таъмин кардан лозим аст, ки дар ҳаққи кормандоне, ки ба синни то 18-сола ба ҳеҷ ваҷҳ ба табъиз дучор нашавад.

13. Ба ҳамаи кормандони то 18-сола, новобаста аз синну сол, маъюбӣ, фарҳанг, мансубияти этникӣ, ҷинсӣ, дин ё ҳолатҳои дигарашон баробар муносибат карда шавад.

14. Ҳама сабтҳои бақайдгирии кормандони то 18-сола бояд бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба роҳ монда шуда талаботи пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» таъмин шаванд.

15. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои меҳнатии кормандоне, ки ба синни то 18-сола ҷинс, иродаи озод ба меҳнат ва дигар ҳолатҳо, талаботи ҳатмии қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнати ноболиғонро ба инобат гирифтан зарур аст. Ҳар як инсон ҳуқуқ ба интихоби озоди меҳнат ё розигии озод ба меҳнат, ихтиёрдории малакаи меҳнатии худ, интихоби касб ва самти фаъолиятро бидуни ҳеҷ гуна табъиз ва маҷбурӣ дорад.

16. Кормандоне, ки ба синни 18 нарасидаанд ва дар муносибатҳои меҳнатӣ мавриди табъиз қарор гирифтаанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

 

3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

17. Риояи талаботи Тартиби мазкур барои тамоми корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботҳои Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳатмӣ мебошад.

18. Натиҷаи назорат оид ба қонунвайронкуниҳо аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

19. Дар мавриди ба Тартиби мазкур тағйиру иловаҳо ворид кардан, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

                                                                               Намуна

 

                                                                             Замима:

             ба Тартиби ҷорӣ намудани руйхати корманди

                        то 18-сола дар корхона ва ташкилотҳои

                                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Руйхати кормандони то 18-сола

 

 №

Ному насаби

корманди то 18-сола

Ҷинс

Миллат

Вазъи

иҷтимоӣ

1.

 

 

 

 

2.

 

 

 

 

3.

 

 

 

 

4.

 

 

 

 

5.

 

 

 

 

6.

 

 

 

 

 

 

 

 

Наши партнеры