Главная / Все новости
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАР ОМӮЗ...»

                                                      ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАР ОМӮЗ...»

4 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 30 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ба тасвиб расидааст ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарѓиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ташкил карда шудааст.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандўстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарѓиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад, ки ҳамзамон барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Тибқи низомнома ба озмун ҳунармандон аз рӯйи 7 номинатсия:

- кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ;

-гаҷкорӣ, ойинабандӣ, кундалнигорӣ;

- заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ;

-ороиш аз санг;

-кулолгарӣ;

-читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ;

-намадмолӣ ва қолинбофӣ молу маҳсулоти худро дар се давр пешниҳод намуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ даври якум дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 278 нафар ҳунарманд бо пешниҳоди маҳсули дастони худ ширкат варзиданд.

Ба даври ниҳоӣ 96 нафар ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифтанд, ки дар чорабинии имрӯза ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуданд.

Аз ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” ҳайати расмӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд – созмонҳои байналмилалӣ дидан намуданд.

Аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ, “Дипломҳо”-и дараҷаи 1, 2 ва 3, сарфароз гардонида шуданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷоизаи “Ҳунарманди сол” супорида шуд.

Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмун ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Наши партнеры