Главная / Все новости
самти меҳнат ва шуғли ғайрирасмӣ.

Самти меҳнат ва шуғли ғайрирасмӣ.

   Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфармо мавқеъи махсус ва намоёнро ишғол намуда, ин муносибатҳоро ба танзим медарорад. Аммо омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони дар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ фаъолиятдошта, аксарияташон аз вуҷуд доштани ин муқаррароти  қонунгузорӣ оид ба меҳнат воқиф нестанд.

Мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии шару ноҳияҳои вилояти Суғд дар рафти омӯзишҳо дар корхонаю ташкилотҳо ба кормандон оид ба  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1329 ба тасвиб расида, аз 41 боб ва 366 модда иборат мебошад, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурҳои методӣ мебаранд.

Дар асоси талаботи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо ӯҳдадор аст, ки барои корманди ба кор қабул намуда,  шартномаи хаттии меҳнатӣ дар ду нусха тартиб дода, як нусхаи шартномаи меҳнатиро ба корманд ва нусхаи дигарро корфармо маҳфуз гузорад. Дар мазмуни шартномаи меҳнатӣ бояд нишон дода шавад: аз ҷумла, ӯҳдадориҳои корманд ва корфармо, вақти кории корманд, вақти истироҳат, музди меҳнат, муҳлати шартнома, вазифаи меҳнатии корманд ва навбати баромадан ба рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола.

Инчунин, корфармоёне, ки шаҳрвандонро ба кор қабул менамоянд тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ӯҳдадоранд ба кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз панҷ руз зиёд фаъолият намудаанд, дафтарчаи меҳнатии стандартии дар  КВД “Шарқи озод” тайёршавандаро кушояд. Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида, ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамояд.

Шаҳрвандон бояд донанд, ки давомнокии муътадили вақти кор дар ташкилотҳои новобаста аз шакли моликияташон дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад (моддаи 67 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Тибқи талаботи моддаи 336 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корфармо уҳдадор мебошад, ки пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ бо корманди ба кор қабул шуда, дастурҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ диҳад.

Ҳангоми надонистани ин талаботҳо корфармоён кормандонро ба шуғли ғайрирасмӣ фаро гирифта, кормандон аз имтиёзҳои худ бархурдор намегарданд.

Масалан:

-дар мавриди ба синни нафақа расидан ба онҳо нафақаи ночиз таъин карда мешавад;

-ҳангоми корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ кумакпулӣ дода намешавад;

-андозҳои иҷтимоии 25% ва 1% ситонида намешавад ва ба буҷети мамлакат маблағҳо ворид намегарданд;

-малакаҳои касбии шаҳрвандон такмил дода намешаванд;

-ҳангоми бекор мондан, аз гирифтани кӯмакпулии барои бекорон муқарраргардида маҳрум мегарданд.

Шуғли ғайрирасмӣ ҳамчун собиқаи меҳнатӣ ҳисобида намешавад.

-ҳангоми ҷароҳат бардоштан ё мубталои бемории касбӣ шудан ҷубронпулӣ пардохт карда намешавад.

 

 

Тоҳирзода Наимҷон – муовини сардори

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

дар вилояти Суғд.

Наши партнеры