Главная / Все новости
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ БО НАМОЯНДАИ ДАФТАРИ КОМИССАРИ ОЛИИ СММ ОИД БА КОРҲОИ ГУРЕЗАҲО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

                                                                                          ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ БО

                                                       НАМОЯНДАИ ДАФТАРИ КОМИССАРИ ОЛИИ СММ ОИД БА КОРҲОИ ГУРЕЗАҲО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Санаи 1 июли соли 2026 вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои гурезаҳо (UNHCR) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Маҳир Сафарлӣ баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Вазир ҷаноби Маҳир Сафарлиро ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси Намояндаи Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ комёбиҳои нав орзу намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо, такмили низоми миллии паноҳандагӣ ва таҳкими ҳамгироии иҷтимоиву иқтисодии онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNHCR аз соли 1993 оғоз ёфта, дар тӯли ин солҳо ба рушди низоми миллии ҳифзи гурезаҳо, мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намудааст. Ҳамчунин зикр шуд, ки Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 оид ба мақоми гурезаҳо ҳамроҳ гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ба татбиқи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират барои давраи то соли 2040 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин замина, Намояндаи Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2026, №264 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №529 «Дар бораи тартиби додани иҷозатнома барои фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд»-ро ҳамчун қадами муҳим дар самти такмили ҳифзи иҷтимоӣ ва тавсеаи имкониятҳои шуғли гурезаҳо ва паноҳҷӯён арзёбӣ намуд. Тибқи ин қарор, гурезаҳо, паноҳҷӯён ва аъзои оилаҳои онҳо аз гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.

Зикр гардид, ки дар солҳои 2024–2026 тавассути филиали Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар шаҳри Ваҳдат 141 нафар занони гуреза - шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рӯи ихтисосҳои «дӯзанда» ва «ороишгари мӯй, рӯй ва нохун» ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Пас аз хатми курсҳо онҳо бо шаҳодатнома таъмин гардида, барои фаъолияти меҳнатӣ дар бахши хусусӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои татбиқи барномаҳои муштараки касбомӯзӣ ва бозомӯзии касбӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, ҷалби маблағҳои грантӣ барои рушди соҳибкории хурд ва худшуғлии гурезаҳо, тақвияти имкониятҳои марказҳои рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои пилотӣ бо иштироки бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини шуғли гурезаҳо ва дигар гурӯҳҳои осебпазир баррасӣ намуданд.

Масъалаи ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории вазорат бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаҳои онҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва паноҳҷӯён, инчунин такмили механизмҳои таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид карданд.

 

Наши партнеры