Главная / Все новости
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «МАЛАКАҲОИ САБЗ ВА ШУҒЛИ УСТУВОР БАРОИ ШАҲРВАНДОН»,

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «МАЛАКАҲОИ САБЗ ВА ШУҒЛИ УСТУВОР БАРОИ ШАҲРВАНДОН», ДАР КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ «МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

Имрӯз 30-юми июни соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатӣ «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» мизи мудаввар дар мазӯи «Малакаҳои сабз ва шуғли устувор барои шаҳрвандон» баргузор гардид.

Бояд қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидаанд.

Инчунин дар чорабинии мазкур Ашуров Умедҷон Баҳридинович - директори Корхонаи воҳиди давлатӣ «Маркази таълимии шаҳри Душанбе», Савлатшоҳ Ховарӣ мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнатӣ Муассисаи давлатӣ “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, мушовири директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саломов Шукруло Ғайрович, кормандони марказ, омӯзгорон ва касбомӯзон иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо маърузачиён қайд намуданд, ки тағйирёбии иқлим, маҳдуд гардидани захираҳои табиӣ, рушди босуръати технологияҳои нав, рақамикунонии истеҳсолот ва дигар равандҳои ҷаҳонӣ бозори меҳнатро низ ба таври куллӣ дигаргун месозанд. Касбҳои нав пайдо мешаванд, баъзе ихтисосҳои анъанавӣ мазмуни худро тағйир медиҳанд ва ба ҷойи онҳо салоҳиятҳое талаб карда мешаванд, ки донишҳои касбиро бо малакаҳои экологӣ, рақамӣ ва иҷтимоӣ дар ҳам мепайванданд.

Аз ҳамин ҷиҳат, мафҳуми «Малакаҳои сабз» имрӯз ба яке аз мафҳумҳои калидии сиёсати байналмилалӣ дар соҳаи шуғл, таҳсилоти касбӣ ва рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст. Малакаҳои сабз маҷмӯи дониш, қобилият, муносибат ва таҷрибаҳое мебошанд, ки ба инсон имкон медиҳанд фаъолияти меҳнатии худро бо истифодаи самараноки захираҳо, риояи меъёрҳои экологӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ба роҳ монад.

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ «МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

Наши партнеры