Главная / Все новости
ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИ ДАР МАВЗУЪИ “ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИ ДАР МАВЗУЪИ

“ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

БО КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ АГЕНТӢ ОИД БА ТАРҒИБИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ВА ПЕШГИРИИ ТАМОЮЛИ   ПУШИДАНИ ЛИБОСҲОИ БА    ФАРҲАНГИ МО БЕГОНА ВА РИОЯИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ

 

 Тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ ва Нақшаи комиссия оид ба одоби хизматчиёни давлатӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки  роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мизи мудаввар дар мавзуи “Либоси миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ”  чорабини  баргузор гардид.

Машғулияти идоравиро муовини якуми директори Агентӣ Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон оғоз карда қайд намуд, ки Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст. Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд.

Дар идомаи чорабинӣ Мардонзода Гулбаҳор  сардори раёсати ҳифзи меҳнати Агентӣ баромад намуда,  чунин иброз намуд, ки яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд, маълумоти муфассал манзур намуд.

 

 

 

Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры