ИСТИҚЛОЛИЯТ - САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат муқаддастарин арзиш ва бузургтарин дастоварди таърихӣ ба шумор меравад. Зеро истиқлолият ба миллат имкон медиҳад, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, давлатдории хешро таҳким бахшад, арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва бо чеҳраи соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо кунад. Барои миллати тоҷик Истиқлолияти давлатӣ на танҳо оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, балки сарчашмаи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ мебошад.
Албатта, роҳи истиқлолият роҳи осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи мураккабу пурозмоиш ба ҳисоб мерафт. Дар чунин шароит ҳифзи якпорчагии кишвар, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа аҳаммияти ҳаётӣ дошт. Бо талошҳои пайгирона барои барқарор намудани сулҳу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ шароити зарурӣ барои рушди минбаъдаи давлат муҳайё гардид. Миллате, ки таърихи худро медонад ва ба мероси маънавии гузаштагони худ арҷ мегузорад, метавонад бо эътимоди бештар ба сӯи оянда қадам гузорад.
Тоҷикистон соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановат мебошад. Номи фарзандони барӯманди миллат — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо чеҳраи дигари илму адаб — қисми ҷудонашавандаи ифтихори миллии мо мебошанд. Мероси онҳо баёнгари он аст, ки миллати тоҷик дар ташаккули тамаддуни минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст. Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки ин мероси гаронбаҳо бештар омӯхта, ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад.
Ватандӯстӣ дар замони муосир танҳо бо суханҳои баланд ифода намеёбад. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама меҳнати софдилона, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ, ҳифзи табиат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талош барои ободии кишвар мебошад. Ҳар як шаҳрванде, ки бо виҷдон кор мекунад ва барои рушди ҷомеа саҳм мегузорад, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши худро мегузорад.
Дар ин раванд масъалаи рушди иқтисод ва таъмини шуғли аҳолӣ низ аҳаммияти хос дорад. Фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва баланд бардоштани рақобатпазирии қувваи корӣ аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа мебошанд. Шаҳрванди соҳиби касбу ҳунар на танҳо зиндагии худро беҳтар месозад, балки дар рушди иқтисоди миллӣ низ саҳми арзанда мегузорад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад, арзиши ин дастоварди бузурги таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар боз ҳам бештар эҳсос мешавад. Сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ роҳи пуршарафи давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёдкорӣ ва рушди кишвар мебошад. Ин сана моро водор месозад, ки ба гузашта назар андозем, дастовардҳоро қадр намоем ва барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Ватан ҳадафҳои созанда муайян кунем.
Истиқлолият инчунин масъулияти наслҳо мебошад. Насли имрӯз бояд арзишеро, ки бо заҳмату талошҳои зиёд таҳким ёфтааст, ба наслҳои оянда солим ва устувор ба мерос гузорад. Барои ин зарур аст, ки дар ҷомеа ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми таърих ва масъулияти шаҳрвандӣ пайваста таҳким ёбад.
Худшиносии миллӣ инсонро ба дарки ҷойгоҳи худ дар ҷомеа ва масъулияти ӯ дар назди Ватан мерасонад. Шахсе, ки таърихи миллат, арзишҳои миллӣ ва аҳаммияти истиқлолиятро хуб дарк мекунад, нисбат ба сарнавишти давлат бетараф намемонад. Аз ҳамин лиҳоз, худшиносӣ ва истиқлолият бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд: истиқлолият барои худшиносӣ замина фароҳам меорад ва худшиносии миллӣ истиқлолиятро таҳким мебахшад.Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик рамзи эҳёи давлатдорӣ, сарбаландии миллӣ ва эътимод ба оянда мебошад. Он моро водор месозад, ки ба таърихи пурғановати хеш арҷ гузорем, дастовардҳои имрӯзаро ҳифз намоем ва барои фардои кишвар масъулиятшиносона амал кунем.
Дар ниҳоят, Истиқлолият барои мо танҳо як рӯйдоди таърихӣ ё санаи ҷашнӣ нест. Он ҳастии давлат, ифтихори миллат, заминаи худшиносӣ ва кафили ояндаи мост. Ҳар қадар мо истиқлолиятро бештар дарк ва қадр намоем, ҳамон қадар масъулияти мо барои ҳифзи он меафзояд.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодӣ, худшиносӣ, ваҳдат ва сарбаландии миллӣ ҳамеша пойдор бошад.
Назарзода Азимҷон Аҳтам
Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар шаҳри Турсунзода.