Главная / Все новости
Маълумот

Маълумот

          Аз ҷониби Агентии меҳнат  ва  шуғли  аҳолӣ   рўзи 13-уми майи  соли  2022, дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар гулгашти ба  номи Куйбишев, воқеъ дар  хиёбони  Рӯдакӣ-10 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор  гардид.

        Дар ярмарка аз тарафи 57 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои фаъолиятдошта 5513 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардид.

           Аз ҷумла, аз ноҳияи  Шоҳмансур 13, ноҳияи Исмоили Сомонӣ  14, ноҳияи Сино 18,  ва ноҳияи Фирдавсӣ  12 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо иштирок доштанд. 

          Дар ин  чорабинӣ ташкилоту муассисаҳои “Oхus”, “ТАҚҲ  Сандуқ”, “Комерсбонки Тоҷикистон”, “Имон Интернешнл”, ”Бонки Байналмилалии Тоҷикистон”, “Ҳумо”, “FINCA”, ”ТГЭМ”, ”Ашан”, “Азизи Молия” ва  дигар  корхонаҳои  ҳудуди  шаҳри  Душанбе иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ 560 нафар корҷўён иштирок намуда ба 56 нафари онҳо, аз  ҷумла  дар  ноҳияи  Шоҳмансур  ба 12  нафар, Исмоили  Сомонӣ   ба 15  нафар, ноҳияи  Сино  ба  16 нафар  ва  ноҳияи Фирдавсӣ  ба 13  нафар  барои  таъмин  шудан  бо ҷои кор роҳхат  дода шуд.

         Ҳамзамон, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ » нисбати 12 нафар тадқиқоти сотсиологӣ  ва ба 25 нафар машварати касбӣ дода шуд. Шумораи умумии ба курсҳои кутоҳмуддати касбомўзӣ  номнависшуда 60 нафарро ташкил медиҳад. МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” 10 нафар, ФКВД “Маркази касбомўзии шаҳри Душанбе” 25, КВД “Маркази  касбомўзии шаҳри Душанбе” 10, КВД “Маркази таълими омушизи модулии шаҳри Душанбе” 5, КВД “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” 5, ФМД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” 5 нафарро дар бар мегирад.

 

 

                                    Мудири бахши

                             Иттилоотӣ                               

                            Сафарова Н.

 

Наши партнеры