Главная / Все новости
Иштирок дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи

кории муштараки Тоҷикистону Қатар

Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2024 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади пайгирии супоришҳо аз натиҷаи сафарҳои сатҳи олии Тоҷикистону Қатар ба шаҳри Дохаи Давлати Қатар сафари хизматӣ анҷом дод.

Тибқи барномаи сафар 25 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баргузор гардида, дар идома ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ Гулнора Ҳасанзодаро сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ва директори МД “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа” Раҷабов Ҷумъа ҳамроҳӣ намуда, дар кори он вазири меҳнати ҳарду кишвар, аъзоёнии гурӯҳи кории ин давлат, муовини вазири меҳнат ва роҳбари ширкати "Qatar Manpower Solutions Со” (Ҷусур) иштирок намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо таваҷҷуҳи гурӯҳи корӣ ба дуруст татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи мазкур ва андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ки барои сафарбарсозии довталабон мусоидат менамояд, ҷалб карда шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар навбати худ пешниҳод намуд, ки ҳамкории минбаъда ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар асоси муқаррароти ин созишнома, ки қонунгузорӣ ва қоидаҳои амалкунандаи ҳар ду кишварро дар бар мегирад, ба роҳ монда шавад.

Дар ҷараёни сафар 26 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо вазири навтаъини маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар хонум Лолвах бинт Рашид бин Мухаммед Ал Хатер баргузор гардид.

Зимни мулоқот паҳлуҳои масъала вобаста ба дархости лоиҳавии пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Марказҳои омӯзиши забонҳои арабию англисӣ барои муҳоҷирон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ташаббуси мазкур бо пешниҳоди ворид намудани касбомӯзии шаҳрвандон, аз ҷониби хонум Лолвах бинт Рашид бин Мухаммед Ал Хатер дар маҷмуъ дастгирӣ ёфт.

Инчунин, мулоқоти алоҳидаи ҳайати Тоҷикистон бо роҳбари ширкати "Qatar Manpower Solutions Со” (Ҷусур) Абдулҳоди Бахит Барқан (сохтори масъули бахши муҳоҷирати Давлати Қатар) ва роҳбарони ширкатҳои қатарии “Power international” ва «Building for generation”, ки дорои иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ мебошанд, доир гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон, пешниҳоди дархостҳои расмӣ ва ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён, инчунин платформаи нави электронии ширкати Ҷусур (www.tawzeef.qa), ки барои корҷӯён роҳандозӣ шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва ширкати «Qatar Manpower Solutions Со (Jusour)” аз 15 майи соли 2023 зурур ҳисобида, роҳандозии ҳамкории минбаъдаро тариқи платформаи болозикр бо нишон додани музди маош бо тарҳи андоз, соати муайяни корӣ, изофакорӣ, рӯзҳои истироҳатӣ, мутамарказ намудани ҳолномаи корҷӯён дар МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва ҷалб намудани дигар субъектони хоҷагидоре, ки иҷозатнома барои интиқоли қувваи корӣ доранд, ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.

Наши партнеры