Главная / Все новости
ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛӢ АҲОЛӢ

ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ  ВА ШУҒЛӢ АҲОЛӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022 НАТИҶАГИРӢ ШУД.

  Рӯзӣ 13 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи  Шурои  Агентии меҳнат  ва шуғли аҳолӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022  баргузор гардид.  Дар  ҷаласа  муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А. А., муовинони директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї  Носирзода Д. М. ва   Амирбекзода М., сардорони раёсат, шуъба, бахшњои  дастгоҳи марказии Агентї, сохторњои таркибии Агентї дар ВМКБ, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе, шањру ноњияњои тобеи љумњурї, МД “Маркази љумњуриявии роњнамоии касбї” ва  муассисањои таълимии ситемаи Агентї иштирок доштанд.

        Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар нимсолаи якуми соли 2022 гузориши сардори Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї  Иброҳимзода З., шунида шуд. Қайд гардид, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муносибатњои мењнатї ва шуғли аҳолӣ ба як қатор дастовардњо ноил гардид.

        Дар самти бозори меҳнат.

        Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба маќомоти мењнат ва шуѓли ањолї 74745 нафар шањрвандон мурољиат намуданд, ки 54309  нафари онњо њамчун корљў ба ќайд гирифта шуда, ба 32409 нафар расман маќоми бекорї дода шуд. Тавассути татбиќи чорабинињои Барномаи давлатии мусоидат ба шуѓли ањолї дар маљмўъ 36410 нафар шањрвандон бо љойњои корї таъмин гардиданд.

Аз љумла,  ба воситаи  љойњои кории бандшуда (квотањо) 4031 нафар ва тавассути ташкили корњои фардї 1613 нафар соњиби љойи кор шуданд. Дар асоси 144 шартномањои тарафайн бо корхонаву ташкилотњо 3947 нафар ба корњои љамъиятї ва 11365 нафар тибќи роњхатњои маќомоти мењнат ва шуѓли ањолї дар марказњои таълими касбии системаи Агентї ба омўзиши касбї фаро гирифта шуданд. Ба 6609 нафар кўмакпулї барои бекорї таъин ва пардохт гардид.

Бо маќсади мусоидат барои дарёфти љойи кори муносиб ба шањрвандон 426 ярмаркаи љойњои кории холї ва вазифањои озод гузаронида шуда  8946 нафар шањрвандони бекор ва корљўён ба намудњои гуногуни шуѓл љалб шуданд.

Аз љумла, тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркањо 4144 нафар корљўён соњиби љойи кор гардида, ба 4095 нафар роњхат барои касбомўзї дода шуд. Дар ин давра 1132 нафар ба иљрои корњои љамъиятии музднок сафарбар гардидаанд.

Њамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2022 аз љониби  маќомоти  мењнат ва шуѓли ањолї дар маљмўъ ба 89658 нафар шањрвандон хизматрасонии иљтимої анљом дода шуд.

    Ҳамчунин муовини якуми вазир, Раҳмонзода А. А.,  натиҷаҳои фаъолиятҳои Агентиро дар нимсолаи якуми соли 2022 мусбат арзёбӣ намуда, дар баробари ин тақвияти корҳоро дар самтҳои истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ, бакортаъминкунии шаҳрвандон, касбомӯзӣҳалли мушкилоти муҳоҷирони  дохилӣ ва омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори  меҳнати дохилӣ ва хориҷиро таъкид намуд. Дар фарҷом ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи бозори меҳнат, ҳамзамон ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда аз ҷониби   муовини якуми директор  Носирзода Д. М.  ба сардорони раёсату шуъбаҳова роҳбарони муассисаҳои тобеи Агентї  супоришҳо дода шуда, аз ҷониби Ҳайати котиботи Агентї  қарори дахлдор қабул гардид.

Наши партнеры