ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ ДАР СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2024
9 январи соли 2024 ҷаласаи ҷамбастии Шӯрои Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024”
Дар ҷаласа муовини вазир Ализода Алишер Ҳикматулло, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои Агентӣ иштирок доштанд.
Нахуст маърӯзаи муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли Искандарзода Матлуба доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2023 шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2023 ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои Агентӣ тибқи стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда як қатор корҳо анҷом дода шуданд.
Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот дар самтҳои фаъолияти Агентӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои Агентӣ аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.
Муовини вазир Ализода Алишер Ҳикматулло, оид ба дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои он омӯзиши нуқтаҳои асосии Паём ташкил ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия карда шавад.
Дар фарҷом, аз ҷониби Директори Агентӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2024 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Илова ба ин, вазифаҳо барои соли 2024 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул карда шуд.