Хабар
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои саривақтии “Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба таъсиси ташкилотҳои иттифоқи касаба ва хадамотҳои ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022”, ки санаи 8 феврали соли 2022 ба тавсиб расидааст, санаи 18 майи соли 2022 дар мавзуи «Ҳифзи меҳнат ва коллективи меҳнатӣ дар корхонаҳо» мизи мудаввар баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур, мутахассисони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар шаҳри Душанбе, шарикони иҷтимоӣ аз ҷумла, намояндагони Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, масъулини 80 адад корхонаю ташкилотҳои соҳаи истеҳсолию саноатии шаҳри Душанбе ва ВАО иштирок намуданд.
Мақсад аз ин вохўри баланд бардоштани савияи ҳуқўқӣ ва маъсулиятшиносии субъектони муносибатҳои меҳнатӣ, ислоҳи камбудиҳо байни корфармо ва кормандон, бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ҳангоми иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба ҳифзи меҳнат, пешгири намудан аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, роҳ надодан ба пайдошавии бемориҳои касбӣ, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва корфармоён, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон дар корхона ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва ҳуқуқиашон, ташкил намудани намояндагии кормандон, ба имзо расонидани созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнатӣ, саривақт пардохт намудани музди меҳнат, бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат, зиёд намудани музди маоши кормандон ва таъмину риояи талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти мазкур мебошад.
Аз тарафи мутахассисони мақомотҳои болозикр ва намояндагони шарикони иҷтимоӣ ба масъулини корхонаю ташкилотҳо вобаста ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат, ки танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба он алоқаманд мебошанд маълумоти зарури манзур гардид.
Ҳамзамон, дар рафти вохўри аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони қобили меҳнат ва мусоидат ба корхонаю ташкилотҳо ва барои таъмини шароити зарурии меҳнати кормандон «Маҷмўаи низомномаҳо ва дастурамалҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат» ва “Тартиби ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки аз ҷониби мутахасиссони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, дастраси иштироккунандагон гардида, барои роҳбарӣ ва корбарӣ тавсия дода шуд.
Дар робита ба гуфтаҳои болозикр Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи ваколатҳои Низомномавии худ оид ба ҳифзи меҳнат, бехатарии кормандон, таъмини рушди шарикии иҷтимоӣ бо роҳи баимзорасони шартномаҳои коллективӣ байни корфармо ва намояндагии кормандон, бастани шартномаю қарордодҳои меҳнатӣ байни корфармо ва корманд пайваста чорабиниҳои самти меҳнатро роҳандозӣ намуда, ҳар моҳ ба корфармоён ва намояндагони онҳо мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратию-омўзишӣ, расонидани кумакҳои методию амалӣ, нашри мақолаҳо дар сомонаю маҷаллаҳо , баромадҳо тариқи телевизион ва радио, инчунин роҷеъ ба дигар масоили самти меҳнат корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро бурда истодааст.
Бо мақсади татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхона, ташкилот, муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидор тибқи Нақша - чорабиниҳои тасдиқ гардида, давоми чор моҳи соли 2022 корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат, аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат, муқарароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаю дастурамалҳои намунавии аз ҷониби мутахасиссони вазорат таҳия гардида, сохторҳои Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, шарикони иҷтимоӣ ва ВАО дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмўъ 470 маротиба вохўриҳо аз ҷумла, 214 маротиба семинарҳои машваратӣ, омўзишӣ, дастурдиҳӣ, 148 маротиба мизҳои мудаввар, 50 маротиба баромад дар барномаҳои телевизионӣ ва 58 маротиба баромад тариқи радио, ки дар ҳамаи ин чорабиниҳо 2500 адад корхона, муассиса, ташкилот, шарикони иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки 10300 нафар намояндагии онҳо ташкил ва гузаронида шуд.
Инчунин, 57 адад мақола доир ба фаъолияти самти меҳнати сохторҳои Агентӣ дар рўзномаю маҷаллаҳои даврии миқёси ҷумҳурӣ ба нашр расида, 76 адад маводҳои таҳлилӣ роҷеъ ба самти муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳамкориҳо бо шарикони иҷтимоӣ дар сомонаи Агентӣ ва дигар сомонаҳо ҷой дода шудаанд.
Илова ба ин дар давраи мадди назар мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои Агентӣ тибқи Нақшаи-чорабиниҳо ба 1500 адад корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба зиёда аз 5500 нафар кормандони онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кўмаки методию амалӣ расонида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
Ҳадаф аз ин самти фаъолияти Агентӣ барои дар амал татбиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ дар корхонаҳо мусоидат намуда, савияи ҳуқуқи ва масъулиятшиносии корфармоёнро доир ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон баланд мебардорад.
Сардори Раёсати ҳифзи меҳнат
ва сатҳи зиндагии аҳоли
Иброҳимзода.З