Главная / Все новости
 Баргузории мизи мудаввар

                                                 Баргузории мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди
                                                                                                                                                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 20 апрели соли равон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мизи мудаввар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз 30 декабри соли 2021, №566, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин масъулини муассисаҳои таълими касбии низоми Агентӣ ва филиалҳои он дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Аз ҷониби муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон таъкидггардид, ки чорабинии мазкур дар доираи тадбирҳо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба назорати маводи нашъаовар, инчунин татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» доир карда шуд.
Дар рафти ҳамоиш Сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии Ситоди Агентӣ подполковник Саломзода Саодат ва Нозири калон оид ба супоришҳои махсуси шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Алиёрзода Наргис Мародасен оид ба муҳтавои сиёсӣ, мазмун ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла вобаста ба марҳилаи дуюми сандаҳои стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, инчунин барномаҳои дахлдори давлатӣ маъруза намуданд.
Ҳамзамон мудири шуъбаи кор бо муҳоҷирони МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойқулова Дилафруз Абдуқаҳоровна вобаста ба мавзуи «Ташаккули тарзи ҳаёти солим » суханронӣ кард.
Дар анҷоми мизи мудаввар муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон таъкид намуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Мо имрӯз на танҳо як нишастани кориро ҷамъбаст мекунем, мо сафҳои худро дар набарди тақдирсоз зидди “марги сафед” мустаҳкамтар менамоем. Биёед воқеан бошем: мубориза бар зидди маводи нашъовар ва прекурсорҳо ин танҳо банди стратегия, нақшаи корӣ ё иҷрои регламент нест. Ин набарди беамон барои зинда мондани генофонди миллат ва ҳифзи ҳар як хонадони тоҷик аз вартаи нестӣ аст. Наркотикҳо ва прекурсорҳо душмани бесадо ва бемарзу буманд, ки мехоханд ояндаи моро заҳролуд созанд. Аммо ин таҳдидҳо дар канори иродаи матини мо ва садоқати мо ба Ватани азизамон хоҳанд шикаст.
Ман боварӣ дорам, ки тасмимҳои имрӯзаи мо танҳо дар ин толор ва рӯи коғаз боқӣ намемонанд. Онҳо бояд ба сипари боэтимоде табдил ёбанд, ки ҷавонони моро аз ин вабои аср эмин медорад. Ҳар як роҳи басташуддаи интиқоли прекурсор ва ҳар як хаёти аз чанголи нашъамандӣ раҳошуда ин пирӯзии бузурги мову шумост. Мо аз ин пас ва ҳамешагӣ бояд барои як ҳадафи устувору равшан шабонарӯзӣ саъю талош намоем, ки ҷомеае барпо созем, то дар он ҷой барои заҳр набошад, балки танҳо заминаи устувор барои рушд ва саломатии ояндаи халқу миллати азизамон фаровон бошад. Зеро миллати солим – ин давлати иқтидорманду шикастанопазир аст!
Саломатӣ асоси некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шумоён даъват ба амал меорам, ки баҳри ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат ва дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим камари ҳаммат баста, бар зидди бемории сироятии ВНМО муборизаи дастҷамъона барем.



Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры