Главная / Все новости
Коррупсия - зуҳуроти номатлуби ҷомеа

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА 

                 

                     Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун,

                     Шавад устуворӣ зи равзан бурун.

                                                                       Унсурӣ.

 

  Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан, монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

         Яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешравии давлат ин коррупсия мебошад.

         Коррупсия ин худ аз (калимаи лотини «corruptio» – бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан) – ба шахсони мансабдор, арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатиро мефаҳмонад.

         Коррупсия, яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад.

Яке аз санадҳои муҳимтарин меъёрӣ-ҳуқуқи байналмиллалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия  Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид муқобили коррупсия мебошад, ки дар ҷаласаи 58-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 31 октябри соли 2003 қабул шуда,  санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта ба он ҳамроҳ шудааст.

Ин Конвенсия 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Мериди давлати Мексика барои имзокунӣ (ҳамроҳшавӣ) боз гардида, моҳи декабри соли 2005, тибқи моддаи 68-и ҳамин Конвенсия миқдори зарурии кишварҳо онро ба тасвиб расониданд, эътибор пайдо кард. Айни ҳол 140 кишвар Конвенсияро имзо намуда, 91 кишвар онро ба тасвиб расонидааст.

  Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯи ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, ба итмом расонида шуд. Баъдан 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки он ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона карда шудааст.

Стратегияи мазкур ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони  мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида вобаста ба салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.

         Мақсаду мароми Стратегия - ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

        Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахши мубориза бо коррупсия ва оғози саривақтӣ ва гузаронидани таҳқиқу тафтишоти парвандаҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ, мансубияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, механизми муносиби идоракунӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, ба таври электронӣ ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардида дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз танзими худро ёфтаанд.

         Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».

         Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан, монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

            Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо омилҳои коррупсионӣ хело кам карда шуда, аз тарфи мақомоти ҳифзи ҳуқук дар ин самт ҳамарӯза дар мақомоту идораҳои давлатӣ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ гузоранида шуда истодааст. 

                                 

                            Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи

                 дастгоҳи марказии Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ

                                   Курбанова Назира Сулаймоновна

Наши партнеры