НАХУСТИН ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ҲУНАРМАНДИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи, 15 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ, аъзои Ҳайати Шӯро, раисони Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок доштанд. Тибқи рӯзномаи маҷлис гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва ҳисоботи раисони Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бораи рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ шунида шуд. Вазири меҳнат зимни суханронии худ дарҷ намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳунармандӣ, ки бениҳоят ҷавон ва парвардаи даврони Истиқлоли давлатдории мост, таҳти ва ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушду нумуъ ёфта истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар маҷмуъ 4056 нафар шаҳрванд тавассути 47 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии вазорат ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 1860 нафарашон курсҳои кутоҳмуддати ҳунармандиро хатм намудаанд, ки ин омор ба вилоятҳои Хатлон 370 нафар, Суғд 879 нафар, шаҳри Душанбе 254 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 322 нафар ва ВМКБ 35 нафар рост меояд. Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ва дар анҷоми кори ҷаласа бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои баёнгардида аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сатториён ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт супоришу дастурҳои мушаххас дода шуданд.