Главная / Все новости
КАСБИ ХУБ КАЛИДИ -ХУШБАХТИСТ

        КАСБИ ХУБ КАЛИДИ -ХУШБАХТИСТ

        Қимати мард на аз симу зар аст, Қимати мард ба қадру ҳунар аст. Абдураҳмони Ҷомӣ Масъалаи интихоби касб яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор меравад, зеро талаботи бозори меҳнат рӯз то рӯз дигаргун шуда истодааст. Инсони ҷаҳони муосир бояд барои сохтани зиндагии шоиста ба ин дигаргуниҳо омода бошад. Пештар падару модарон бо маслиҳати муаллимон барои фарзандонашон касб интихоб менамуданд. Имрӯз он касбҳое, ки волидон интихоб менамоянд, на ҳамеша бо қобилият ва имкониятҳои зеҳнии наврасону ҷавонон мутобиқат менамоянд. Кам будани маълумот дар бораи касбҳо ва надонистани намудҳои касб метавонад боиси роҳ додан ба хатогӣ зимни интихоби касб бигардад. Хеле муҳим аст, ки наврасон касби ояндаи худро аз рӯйи табъу завқи худ интихоб намоянд, на бо амри дигарон. Вақте ки падар ё модар бо салоҳияти худ барои фарзандаш ин ё он касбро интихоб менамояд, шояд аз рӯйи эҳтироме, ки ҷавон нисбати волидайн дорад, таҳсилро дар он ришта идома диҳад, вале ба гумон аст, нисбати пешае, ки маҷбуран ба сараш бор кардаанд, меҳру муҳаббати самимӣ пайдо нанамояд. Вақте ки инсон ба касби худ муҳаббат надорад, муваффақ гаштанаш дар он ҷода хеле душвор аст.

                  Мудири шуъбаи кадрҳои МД

                     "Маркази таълими

                         калонсолони Тоҷикистон"

                          Қурбонализода Манучеҳр

Наши партнеры