Главная / Все новости
Хабар

   “Шаҳрвандон аз кафолатҳо ва бартариҳои

    шуғли расмӣ бархурдор мешаванд

        

    Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кобилияти меҳнати доранд бояд аз кафолату бартариҳои шуғли расмӣ ва оқибатҳои ногувори шуғли ғайрирасмӣ мунтазам бархурдор бошанд.

     Барои паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти қонунгузор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардида истода мавриди амал қарор доранд, ки риояи онҳо ҳам ба шаҳрванд ва ҳам ба давлат манфиат меорад.

      Дар ин раванд  Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 “Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” корҳои судмандеро ба сомон расонид.

     Бо иштироки фаъолонаи кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 08 ноябри соли 2019, №557 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 сентябри соли 2019, №289 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 “Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда(ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023””, ки бо мақсади тақвияти Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, барои амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва такмили бозори меҳнат тавассути паст кардани шуғли ғайрирасмӣ,таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон дар мадди аввал гузоштани ҳуқуқҳо дар самти меҳнат аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад.

 Ҳамзамон, ҷиҳати паст намудани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) гурӯҳи корӣ бо амри раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 10 октябри соли 2020, №70 таъсис дода шуда, дар ҳайати он масъулони бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, нозироти андоз ва бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия   шомил буда корҳои ташвиқотию тарғиботиро бо аҳолӣ бурда истодаанд.

       Баҳри иҷрои мактуби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 28-уми июли соли 2020, №1.4/697 доир ба фаҳмонидани талаботи қарори болозикр ба воситаи барномаҳои ахбори телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Хатлон” дар мавзӯи бартарафсозӣ ва аз байн бурдани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва оқибатҳои манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа барномаҳо пахш гардид.

    Доир ба мавзӯи “Шуғли ғайрирасмӣ ва паст кардани сатҳи он” мақолаи сармутахассиси шуъба дар рӯзномаи ноҳиявии “Насими Терай”    27 июни соли 2020 нашр гардида мавриди баҳрабардории хонандагон гардид. Дар таърихи 13 августи соли 2020 дар маҷлисгоҳи шуъба бо иштироки 21 нафар кормандони соҳаи варзиш, шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хоҷагии деҳқонии ба номи “Ато Юсуф”, ҷамоатҳои деҳоти Лангардара, Чагам, Шӯрообод, идораи омор, бахши муҳоҷират, рӯзномаи “Насими Терай” доир ба ин мавзӯъ мизи мудаввар гузаранонида шуда дар рафти он нусхаи қарори болозикр ва Нақшаи амалисозии Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои солҳои 2019-2023 ба ширкаткунандагон тақсим карда шуд.

     Рӯзи 19 августи соли 2020 бо ҳузури 29 нафар кормандон аз ҶДММ “Сомон-Орзу”, “Сохмон ва тиҷорати М.Ғ”, “Сайдо”, “Сохтмони асосӣ”, КДФ “Хизматрасонии манзилию комуналӣ”, Меҳмонхонаи Шамсиддин Шоҳин, филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Ш.Шоҳин, маркази хизматрасонии бонкӣ “Содиротбонк”, МХҶ Зулмобод ва Бодомту, ошхонаи “Чорёрон” ва хоҷагии деҳқонии “Назирмадзода” семинар-машварат дар мавзӯи “Шартномаи меҳнатӣ” моддаҳои 20-56 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин чорабинӣ бартарии шуғли расмӣ тариқи бастани шартномаи меҳнатӣ ва дафтарчаҳои меҳнатӣ таъкид гардида, дар рафти он шакли намунавии шартномаи меҳнатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2019, №457 тасдиқ гардидааст, дастраси  иштирокчиён гардонида шуд.

       Бо мақсади иҷрои супориши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз      02-уми феврали соли 2021, №1.4/108 оиди татбиқи талаботи Барномаи мазкур як семинар-машварат бо ширкати 22 муассисаи таълимӣ, ки дар он 34 нафар роҳбарону кормандони ин муассисаҳо иштирок доштанд, гузаронида шуд. Инчунин мизи мудаввар дар ин самт бо иштироки намояндагони 47 муассисаи тиббии ноҳия ва ҳузури 67 нафар корфармоёну кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор карда шуд.

   Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба 10 нафар кормандоне, ки дар ҶДММ “Ҷовидон-2010” бо тавсияи шуъба моҳи апрели соли 2022 ба кори сохмонӣ сафарбар гардиданд, нусхаи шартномаи меҳнатӣ дода шуда ба роҳбари корхонаи мазкур Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли китоб тақдим гардид.

   Дар ярмаркаи минтақавии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар соҳаи саноат, ки 18 феврали соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, кормандони шуъба фаъолона иштирок намуда дар барномаи “Ахбор”-и телевизиони Хатлон дар мавзӯи бартарфсозӣ ва аз байн бурдани шуғли ғайрирасмӣ, оқибатҳои манфии шуғли бақайдгирифтанашуда ва риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармою кормандон баромад намуданд.

  Бо мақсади тақвияти чораҳо доир ба ҳимояи ҳуқуҳои меҳнатии шаҳрвандон, самаранокии чорабиниҳо оид ба пастшавии шуғли бақайдгирифтанашуда ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ шартномаҳои коллективии 338 ташкилоту муассисаҳо дар шуъба ба қайд гирифта шудаанд, ки 98,0 фоизи шумораи умумии корхонаҳои дорои зиёда аз панҷ нафар корманд ва саҳмдор доштагиро  ташкил медиҳад. Махсусан,  хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар корхонаҳои хусусӣ, ки дар пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва коллективӣ саҳлангкорӣ менамоянд, ба гузаронидани суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам фаро гирифта мешаванд.

     Барои такмил додани системаи қарздиҳӣ барои инкишофи соҳибкории хурд ва миёна, ки яке аз бандҳои Барнома аст, мутобиқи моддаи 23 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” дар семоҳаи якуми соли 2020 ба 13 нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

        Ташкили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва омода намудани касбҳо ва ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯй 130 нафар шаҳрвандони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Тариқи шаҳодатномакунонӣ (валидатсия) ва тасдиқ кардани малакаҳои қувваҳои корӣ 120 нафар шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

        Бо пешниҳоди шуъба бо мақсади мусоидат намудан ба шуғли доимии расмӣ фаро гирифтани  гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири  аҳолӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ” қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 14 марти соли 2022, №89 қабул гардид. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 19 нафар шаҳрвандон бо тавсияномаи шуъба тариқи квота ба корҳои доимӣ таъмин гардиданд.

     Қайд кардан ба маврид мебошад, ки дар Барномаи мазкур нисбати Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муҳлати се сол ба имзо мерасад, бо иъникос намудани масъалаҳои бартарафсозии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва пурзӯр намудани назорат вобаста ба татбиқи он диққати махсус дода шудааст. Қисми сеюми Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №701 маъқул дониста шудааст, рушди бозори меҳнат ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул унвонгузорӣ гардидааст. Дар ин қисм таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои кории доимӣ, бокортаъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат имконияти рақобати баробарро надоранд ва ба кафолатҳои иловагии шуғл эҳтиёҷ доранд, такмили низоми касбомӯзӣ, бозомӯзии калонсолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаъолияти босамари Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дарҷ гардидааст. Хусусан, нисбати пешгирӣ ва аз байн бурдани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), мусоидат ба расмикунонӣ ва тақвияти чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвадон таъкид гардида, дастгирии ташкил ва рушди устувори фаъолияти худишғолӣ, шуғли фосилавӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ҷонибдории амиқ ёфтааст.

        Дар робита ба ин гуфтаҳо дар семоҳаи якуми соли 2022 бо тавсияномаи шуъба 172 нафар шаҳрвандон бо корҳои доимии расман бақайдгирифташуда, ки тасдиқи собиқаи корӣ, бархурдорӣ аз кумакпуливу ҷубронпулӣ ва  пардохти андозҳо ва аъзоҳақии суғуртавиро кафолат медиҳанд, таъмин гардиданд.

    Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратӣ, омӯзишӣ, дастурдиҳӣ ва расонидани кӯмакҳои методӣ ва таҳия намудани барномаҳои телевизионӣ ва гузоришҳои матбуотӣ, ҷалб намудани ахбори умум дар ин самти муносибатҳои меҳнатӣ барои амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва такмили бозори меҳнат, тавассути паст кардани шуғли ғайрирасмӣ ва ба роҳ мондани низоми шуғли расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳими иҷтимоӣ–иқтисодӣ дорад.

 

 

                 Назаров Шайдулло                                                 Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат

ва  шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин                                              

Наши партнеры