Главная / Все новости
ПАЁМИ ТАБРИКИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАСАНЗОДА ГУЛНОРА КЕНҶА БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

   Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои муаззами миллат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад. Қабули ин санади муҳим барои тарбияи насли замони нав заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам овард. Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон собит месозад, ки дар радифи тараққиёти соҳаи саноат ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат афзун мегардад ва танҳо ин неруи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд.

Дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола аз 50 дарсад зиёд аст, ки ин аз мавҷудияти неруи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд.

Рушду пешрафти мамлакат ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад.

Дар робита ба ин рисолати таърихӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби илму дониш, касбу ҳунар ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии васеъ гардида, дар рушди босуботи кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Тавре Пешвои миллат таъкид доштаанд: «Ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд».

Ҷавонони азиз, ба Шумо рӯзгори хуш, саодати хонаводагӣ, азму талоши ҷиддӣ дар рушди кишвар ва комёбиҳои бештаре дар таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ хоҳонам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Наши партнеры