Главная / Все новости
    БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОРЕЯ АЗ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

       БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОРЕЯ АЗ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳайати Ҷумҳурии Корея, ки бо мақсади омӯзиши раванди ба низоми EPS ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо ташриф овардаанд, рӯзи дуюми сафар 7 уми декабри соли 2023 аз сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон дидан намуданд.

Нахуст ба ҷараёни омӯзиш дар филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази рушди малакаҳо, ки дар доираи амали лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бунёд гардида истодааст, дидан намуданд.

Ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар Маркази мазкур ва ҳамин гуна марказҳо, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Роғун ва ноҳияи Восеъ бунёд гардида истодаанд, омӯзиши касбу ихтисосҳои мавриди алаботи кордиҳандаи хориҷӣ, аз ҷумла забони давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонида шуда, ба хатмкардагон шаҳодатнома дода мешавад.

Зикр гардид, ки омӯзиши забони кореягӣ ва ихтисосҳои мавриди талаботи кордиҳандаи Ҷумҳурии Кореяро низ дар заминаи марказҳои мазкур, ки соли 2024 ба фаъолият шуруъ менамоянд, ба нақша гирифта шудааст.

Ҷонибҳо оид ба масъалаи мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар ҳайати меҳмонон ба ҷараёни корҳои сохтмонии Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон шинос шуданд ва ба онҳо имкониятҳои омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ муаррифӣ карда шуд.

 

Наши партнеры