Маҷлиси Ҳайати мушовараи
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид
Рӯзи 8 апрели соли 2024 маҷлиси Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, муовинони вазир, сардорони хадамот, агентиҳо ва муассисаҳои давлатии тобеи вазорат иштирок доштанд.
Маҷлиси Ҳайати мушовара ду масъаларо дарбар гирфт, “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2024” ва “Дар бораи муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар”.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома маърӯзаи ҳисоботии муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин шунида шуд. Қайд гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шуданд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои кансепсия стратегия ва барномаҳои давлатиро ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли 2024 корҳои муайянро ба сомон расонид.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи диншиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қаландарзода Мустафо баромад карда, ҳадаф ва муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишварро ба ҳозирин шарҳ доданд.