Главная / Все новости
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ҶАВОНОН ДАР ЯЗГУЛОМ

                  МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ҶАВОНОН

                                    ДАР ЯЗГУЛОМ

                         БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ МЕКУНАД

Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ яке аз ҷамоатҳои дурдаст буда, то ҳанӯз барои касбомӯзии сокинон курсҳои сайёр дар заминаи мактабҳои миёна ташкил карда мешуданд. Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд айни замон дар ин ҷамоат барои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бинои наву замонавӣ омода буда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик дар ин бино Маркази омӯзиш барои ҷавонон ба фаъолият шуруъ намояд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва директори Агенти Баротзода Бобохон Хол-ро  зимни боздид аз ҷараёни корҳои таъмирӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ дар ин марказ муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар ва раиси ноҳия ҳамроҳӣ намуданд. Қайд гардид, ки кушода шудани чунин марказҳо дар ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳияҳои ВМКБ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон ҳарчи бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд ва ин барои бокортаъминшавии онҳо мусоидат хоҳад намуд. Маркази мазкур дар ҳамоҳангӣ бо филиали МД “Маркази таълмии калонсолон” дар ноҳияи Ванҷ фаъолият намуда, дар баробари ташкили курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ, инчунин ба хоҳишмандон машварати равонӣ ҳам дода мешавад. Аз ҷониби вазир ҷиҳати бо таҷҳизоти наву босифат муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва бо ҷалби омӯзгорони ихтисосманд ба роҳ мондани машғулиятҳо дастур дода шуд.

Наши партнеры