МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, ки он бевосита ба ҳифозати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахс муқаррар гардида, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгарӣ барои онҳо муайян карда шудаанд.
Дар моддаи якуми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдорест (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқист.
Бо назардошти он ки коррупсия зуҳуроти басе фоҷеабор барои кулли ҷомеа, махсусан давлату давлатдорӣ мебошад ва коршиносон онро ҳамчун амали ба манфиати шахсӣ истифода бурдани мақоми хизматӣ маънидод менамоянд, муқовимат ба чунин фасод кори аҳлона ва дастаҷамъона маҳсуб меёбад.
Имрӯз ки пешорӯйи аҳли башар хатарҳои глобалӣ, аз қабили терроризму экстремизм қарор доранд, паҳншавии батадриҷи зуҳуроти коррупсионӣ низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, посухи аҳли ҷомеа бояд амали дастҷамъона бошад. Кори дастаҷамъонаи сегона: мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванд метавонад сатҳи коррупсияро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “... мубориза бо муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд бояд бетараф набошад”.
Маҳз бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари хирадманду дурандеши давлат Пешвои миллат заминаҳои устувори қонунгузории амали дастаҷамъонаи давлату аҳли ҷомеа дар самти муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурӣ гузошта шудаанд. Айни замон амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) бо маром идома дорад.
Тибқи муқаррароти Стратегия бояд коркарди роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани масъулияти шахсии роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои дигар, дар маҷмӯъ, ҳамаи субъектҳои муқовимат ба коррупсия роҳандозӣ гардида, барои коҳиш додани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ тамоми чораҳои пешгирикунанда андешида шавад.
Махсусан, муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва соҳаҳои дигаре, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбанд, бояд тақвият бахшида шавад.
Ҷойи таъкиди махсус аст, ки мутобиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, яке аз вазифаҳои давлат ва мақомоти давлатӣ мусоидат, қабул ва таҳкими чораҳои пешгирии судманд бар зидди коррупсия мебошад. Конвенсияи СММ зидди коррупсия чунин тадбирҳои зиддикоррупсиониро муайян кардааст.
- ташаккули низоми қабул ба кор, интихоб, болоравӣ дар хизмат, адои хизмат ё рухсат кардани хизматчиёни давлатӣ, шахсони дигари ба вазифаҳои давлатӣ таъин ё интихобшаванда, ки ба принсипҳои самаранокӣ, шаффофият ва фаъолияти бенуқсон, адолатнокӣ ва қобилият асос меёбад;
- коркарди расмиёти зарурии интихоб ва омода намудани кадрҳои ба ишғоли мансабҳои давлатӣ, ки махсусан аз нигоҳи коррупсия осебпазир мебошанд ва дар ҳолати мавҷудияти асосҳо анҷом додани ҷойивазкунии онҳо;
- мусоидат ба татбиқи барномаҳои маърифатӣ ва таълимӣ, ки ба кодексҳо ё меъёрцои рафтор асос меёбанд;
- таъмини иҷрои дуруст ва муносиби вазифаҳои хизматӣ ва амиқ дарк кардани хавфҳои вобаста ба коррупсия, ки ба фаъолияти онҳо дахл доранд.
Моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” принсипҳои асосии зерини мубориза бар зидди коррупсияро муайян кардааст:
- эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- баробарии ҳама дар назди қонун ва суд;
- танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд, қонуният, шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти онҳо ва назорати давлативу ҷамъиятӣ аз болои ин субъектҳо;
- такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл доранд;
- эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
- манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ;
- роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ;
- барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
- аз тарафи давлат муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба онҳо ва аҳли оилаашон сатҳи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд;
- манъи вогузор намудани ваколатҳо оид ба танзими давлатӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба зиммаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд;
- пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ
- таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд;
- ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ.
Ҳамин тариқ, ҳадафи асосии муқовимат ба коррупсия, ин таъмини кафолати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Дар ин радиф вазифаи мо, роҳбарони мақомоте, ки бевосита барои баланд бардоштани сатҳи самаранокии корҳо дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва дастгирии шаҳрвандони бекоре, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ ниёзманданд, масъуланд, дар ҷодаи решакан кардани зуҳуроти номатлуби ҷомеа – коррупсия, басе масъулиятнок мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки роҳбарият ва ҳайати кормандони шуъба бе ягон тамаъҷӯӣ ва қонуншиканӣ, бо мақсади коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва мусоидат намудан ба корҷӯён дар интихоби кори мувофиқ ва ба корфармоён дар дарёфт намудани кормандони ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат, махсусан ба иҷрои пурра ва саривақтии муқаррароти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2009 №205 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кории ишғолнагардида ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ» ва №181 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ», инчунин иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18.02.2009 №70 «Дар бораи баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Душанбе» эътибори ҷиддӣ дода, мутобиқи нақша ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар ноҳия баргузор менамояд. Ҷойи қаноатмандист, ки дар ин ярмаркаҳо зиёда аз 24 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд ва аз ҷониби онҳо қариб 400 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуда, тавассути ин ярмаркаҳо 150 нафар корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат намуда, мегӯям: - Биёед, дар роҳи ободии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Самараи фаъолияти роҳбари ҳалолкор ба нафъи ҳамагон ва ободии имрӯзу фардои Ватани азиз аст.
Садори Шуъбаи Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур
Иброҳимзода С. Ҳ.