Главная / Все новости
  ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО БАХШИ ХУСУСӢ

                                            ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО БАХШИ ХУСУСӢ

2 июни соли 2023 дар меҳмонҳонаи «Hayatt Regency» бо ташаббуси Палатаи савдои америкоӣ дар Тоҷикистон (AmCham) вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо намояндагони ширкатҳои ватанӣ ташкилоти низоми бонкӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш масъалаи татбиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои рақамикунонии самти муносибатҳои меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдор ба он аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути ҷорӣ намудани рақамикунонӣ ва бознигарии заминаи меъёрӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани низоми самараноки ҳифзи меҳнат ва ба ин васила баланд бардоштани самаранокии қувваи корӣ ва ба шуғл ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар равона гардидааст.

Дар вохӯрӣ байни намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва масъулини дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои соҳавии он саволу ҷавоб сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таклифҳо пешниҳод шуданд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор таҳия гардид.

Наши партнеры