Баргузории
маҷлиси тантанавӣ бахшида ба
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони сохторҳои таркибии вазорат ва устоди факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов баргузор гардид.
Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни баромади худ қайд намуданд, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷониб эҳтиром ба мақоми олии кишвар бошад, аз ҷониби дигар таконе аст, барои омӯзиш ва қадрдонии фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Фарзанди фарзонаи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳамчун меъмор миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиќлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузоранд.
Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов дар чорабинӣ доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон хушбахтиву саодат ва рӯзгори ободу осударо орзу намуданд.