БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БУНЁД МЕГАРДАД
Дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филиали МД "Литсейи касбии махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе" фаъолият менамояд, ки ҳамасола 30 нафарро аз рӯйи 3 ихтисос ба таҳсилоти касбӣ фаро мегирад. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздид аз муассиса ба роҳбарияти МД "Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ"-и вазорат дастур дод, ки лоиҳаи сохтмони бинои нави таълимиро дар ҳудуди муассиса тарҳрезӣ намояд. Дар вилоят муассисаи мазкур ягона макони касбомӯзӣ барои маъюбон буда, бинобар зиёд будани шумораи хоҳишмандон зарурати бунёди бинои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав ба миён омадааст. Айни замон вазорат барои таъсиси синфхона аз рӯйи ихтисоси пойафзолдӯз бо Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба мувофиқа расидааст. Инчунин, сохтмони бинои шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва филиали МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар ноҳияи Рушон ба нақшаи иншоотҳои сохташавандаи вазорат ворид гардида, қитъаи замин барои сохтмони бино ҷудо шудааст ва айни замон кор болои лоиҳаи ангоравии он идома дорад.