Асосӣ / Кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ
Кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ
Дастурамал дар бораи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ бо мақсади расонидани кӯмаки методӣ ба кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин роҳандозии фаъолияти босамар ва шаффоф зимни таъин ва пардохт намудани чунин кумакпулиҳо, таҳия гардидааст.
I. Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамал дар асоси моддаҳои 24, 25, 26, 27, 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таҳия шуда, раванди аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин ва пардохт гардидани кӯмакпулӣ барои бекориро, танзим менамояд.
2. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне пардохт карда мешавад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, № 170 ба қайд гирифта шуда, расман бекор эътироф гардидаанд.
3. Барои гирифтани кӯмакпулӣ, шахсони бекор бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти меҳнат ва  шуғли аҳолӣ пешниҳод намоянд, ки нусхаи ҳар яки он дар парвандаи шахсӣ нигоҳ дошта мешавад:
    - маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ҳаждаҳ моҳи охир аз  ҷойи кори охирин, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода шудааст;
    - шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
    - дафтарчаи меҳнатӣ;
    - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ;
    - шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
    - маълумотнома аз мақомоти андоз оиди шахси инфиродӣ набудани шаҳрванд;   
    - маълумотнома аз мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ оид ба нафақахӯр набудани шаҳрванд.
4. Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд билети ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, маълумотномаи озодшавӣ пешниҳод менамоянд.
Мавҷуд набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои ба қайд нагирифтани шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, асос шуда метавонад.
5. Қарор дар бораи таъин намудани кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз ҷониби мақомоти  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар давоми 11 рӯз аз лаҳзаи расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудани шаҳрванд, дар баробари ба тавсиб расидани қарор дар ин хусус, қабул карда мешавад.      
6. Оиди масъалаи тарзи ҳисоб, таъин, миқдор ва иловапулиҳо ба кӯмакпулӣ дар банди VIII – и варақаи бақайдгирии шаҳрванди бекор қайдҳои зарурӣ карда мешавад.
Кумакпулӣ барои бекорӣ ба муҳлати то се моҳ таъин ва пардохт карда мешавад, ки дар ин бора дар банди IX – и варақаи бақайдгирии шаҳрванди бекор қайдҳои зарурӣ гузошта мешавад.
7. Кумакпулӣ барои бекорӣ моҳе як маротиба дода мешавад, ба шарте, ки шахси бекор моҳе як маротиба аз нав, аз қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузарад. Оид ба аз нав бақайдгирӣ дар банди XI – и варақаи бақайдгирии шаҳрванди бекор қайдҳои зарурӣ гузошта мешавад
8. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлатҳои дигар кор кардаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ мувофиқи талаботи қисми якуми моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба шарте таъин карда мешавад, ки масъалаҳои ба ҳисоб гирифтани пардохт ба фонди суғуртаи иҷтимоии давлате, ки дар он шаҳрванд кор кардааст, бо шартномаҳои дахлдори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошанд.


II. Тартиби муайян намудани андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва боздошти пардохтҳои давлатӣ аз ин кӯмакпулиҳо

9. Агар шаҳрванд дар давоми се соли охири пеш аз муроҷиат ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта, ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохт карда бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ дорад. 
Дар ин ҳолат ӯ танҳо то сипарӣ гардидани шаш моҳ аз рӯзи бекор мондан, ҳуқуқ дорад ба мақомоти меҳнат ва  шуғли аҳолӣ муроҷиат намуда, кӯмакпулӣ гирад. Дар акси ҳол, яъне агар давомнокии бекории ӯ аз шаш моҳ зиёдтар давом карда бошад, ӯ аз гирифтани кӯмакпулӣ маҳрум мегардад.
10. Дар ҳолате, ки агар шаҳрванд дар давоми 3 (се) соли охири пеш аз муроҷиат ба мақомоти меҳнат ва  шуғли аҳолӣ камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта, ба ӯ расман мақоми бекорӣ дода шуда бошад, кӯмакпулӣ барои чунин шахсон дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. Дар ин маврид низ агар давомнокии бекории ӯ аз шаш моҳ зиёдтар давом карда бошад, ӯ аз гирифтани кӯмакпулӣ маҳрум мегардад.
11. Ба шаҳрвандони аз корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо сабаби барҳамхурӣ, ихтисор намудани шумора ё ҳайати корӣ, аз кор озод шудаанд кумакпулӣ барои бекорӣ дар моҳи аввал дар ҳаҷми 50 фоизи музди миёнаи меҳнат аз ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар 6 моҳи охири корӣ ҳисоб карда шудааст, дар моҳи дуюм дар ҳаҷми 40 фоиз ва дар моҳи сеюм дар ҳаҷми 30 фоизи музди миёнаи меҳнат таъин карда мешавад. 
Мисоли 1. Музди миёнаи меҳнати шаҳрванд Гадоев М., ки дар давоми шаш моҳи охир ҳисоб карда шудааст 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми кумакпулии шаҳрванд Гадоев М:
    - дар моҳи якум:  400 * 50% = 200 сомонӣ;
    - дар моҳи дуюм: 400 * 40% = 160 сомонӣ;
    - дар моҳи сеюм:  400 * 30% = 120 сомониро ташкил медиҳад. 
Азбаски, андозаи кумакпулии ҳисобкардашуда дар ин ҳолат аз музди меҳнати ҳади ақали муқарраргардида кам аст, пас барои ҳар моҳ кумакпулӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳади ақал таъин карда мешавад.
Мисоли 2. Музди миёнаи меҳнати шаҳрванд Гадоев М., ки дар давоми шаш моҳи охир ҳисоб карда шудааст 1800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми кумакпулии шаҳрванд Гадоев М:
    - дар моҳи якум:  1800 * 50% = 900 сомонӣ;
    - дар моҳи дуюм: 1800 * 40% = 720 сомонӣ;
    - дар моҳи сеюм:  1800 * 30% = 540 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат, ҳаҷми кумакпулии ҳисобшуда, аз музди меҳнати ҳади ақал зиёд мебошад. 
Бинобар ин, ба шаҳрванд Гадоев М дар моҳи якум 900 сомонӣ, дар моҳи дуюм 720 сомонӣ ва дар моҳи сеюм 540 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда мешавад. 
Мисоли 3. Тартиби ҳисоби кумакпулӣ барои бекорӣ бо дарназардошти мукофотпулиҳо.
Шаҳрванд Азимов Ш аз ҷойи кор ва даромад (музди меҳнат) маҳрум гардидааст. ки дар давоми се соли охири пеш аз муроҷиат ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 18 моҳи тақвимӣ дар шароити рузи (ҳафтаи) кории пурра ва ё дар шароити рӯзи (ҳафтаи) кори нопурра, ки ҳангоми ҳисобрасӣ ва 18 моҳи тақдимӣ баробар аст, фаъолияти доштааст. 
Ба номбурда дар давоми 6 моҳи охири қабл аз кор озод шудан аз руи ҷамъбасти фаъолияти корхона дар 3 моҳ ба андозаи 2 музди моҳонаи меҳнат мукофотпулӣ дода шудааст. Дар ин ҳолат ҳисоби кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба таври зайл сурат мегирад:
Музди миёнаи меҳнат дар 6 моҳи охир бо дарназардошти мукофотпулӣ:
(800+800+800+(1600:3)+800+800+800)=5333,3:6=889 сомонӣ 
Мукофотпулӣ 1600:3=533,3 сомонӣ мебошад.
12. Боздошти маблағи пардохтҳои давлатӣ аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ тибқи ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда амалӣ мегардад. 
Ҳаҷми умумии боздошти маблағи пардохтҳои давлатӣ (алимент ва ғайра) аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ, аз 50 фоизи кумакпулии таъиншуда зиёд буда наметавонад.
13. Ба шаҳрвандони бекоре, ки дар оила хӯрандаи корношоями то синни 15 сола доранд, зимни барзиёд иҷро шудани буҷет ва мавҷуд надоштани қарз аз моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ, маҷлисҳои вакилони халқ бо қарори худ метавонанд дар ҳаҷми 10 фоизи кӯмакпулии таъиншуда барои бекорӣ, маблағи иловагиро барои  ҳар як хӯранда таъин намоянд. 
Мисоли 4. Музди миёнаи меҳнати шаҳрванд Гадоев М., ки дар давоми шаш моҳи охир ҳисоб карда шудааст 800 сомониро ташкил медиҳад ва номбурда 5 нафар хӯрандаи корношоям дорад, моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳалӣ барзиёд иҷро шудаанд ва коэффисиенти ноҳиявӣ ба 20 фоиз баробар мебошад.
Дар ин ҳолат ҳаҷми кумакпулии шаҳрванд Гадоев М чунин ҳисоб карда мешавад:
800 * 50% = 400 сомонӣ;
400 * 10% = 40 сомонӣ * 5 нафар = 200 сомонӣ      
400 *20%= 80 сомонӣ,           Ҳамагӣ: (400+200+80=680 сомонӣ)

14. Ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ  тибқи даъват аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қушуну сохторҳои ҳарбӣ ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи ҳамин давра, таъин карда мешавад.
Муқаррароти банди мазкур то ба ҳолати 1 январи соли 2020 татбиқ карда мешавад.
Аз 1 январи соли 2020 пардохти кумакпулии бекорӣ барои шаҳрвандони дар банди 13 зикршуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешавад.


III. Тартиби дароз намудани мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандони дорои собиқаи корие, ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ доранд

15. Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан ба нафақаро медиҳад, лекин синнашон аз синни муқарраркардаи қонунгузорӣ барои таъини нафақа аз рӯи синну сол (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок) аз як сол камтар аст, давомнокии давраи додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ то дувоздаҳ моҳи тақвимӣ тамдид карда мешавад. 
Эзоҳ: Дар асоси моддаи 41. Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мӯҳлат ҳуқуқ доранд. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»). 
 Ба нафақаи пеш аз мӯҳлат як сол қабл аз расидан ба  синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки бо сабабҳои новобаста аз онҳо бекор монданд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рӯи бекорӣ ба муддати 52 ҳафтаи тақвимӣ доранд: мардҳо – бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон бо собиқаи на камтар аз 20 сол. Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мӯҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад.    
Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид дар асосҳои умумӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20  Қонуни болозикр нафақа дода мешавад.
Мисоли 5. Шаҳрванд Умаров Илҳом бо сабабҳои новобаста ба ӯ аз кор озод шудааст. Собиқаи кори номбурда 24 солро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз рӯи гувоҳномаи музди меҳнат ба ӯ бо чунин тарз ҳаҷми  кӯмакпулии давраи бекориро ҳисоб мекунанд:
Музди миёнаи меҳнат дар шаш моҳи охир: (1200+1200+1100+1100+1000+1000) = 6600:6=1100 сомонӣ                 
    - моҳи аввал 1100*50%=550
    - моҳи дуюм 1100*40%=440
    - моҳи сеюм 1100*30% =400 сомонӣ.
Дар ҳолати дар давоми 9 моҳи минбаъда агар Умаров Илҳом бо кор таъмин карда нашавад (ё бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ё бо ташабуси худ) кӯмакпулии давраи бекорӣ ба андозаи ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад:         
 (9 моҳ * 400 сомонӣ=3600 сомонӣ).
16. Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, №293 «Дар бораи Тартиб ва шаклҳои пардохти кумакпулӣ  барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» кумакпулии яквақта дар ҳаҷми бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2014, №709) пардохт карда мешавад.        


IV. Тартиби қатъ намудан, боздоштан ва кам кардани андозаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ

17. Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шаҳрванди бекор қатъ гардад, боздошта шавад ё андозаи он кам карда шавад.
18. Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
    - тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд;
    - ҳангоми бо роҳхати мақомоти маҳаллии шуғли аҳолӣ ҷалб гардидани шаҳрванд ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ бо гирифтани стипендия;
    - ҳангоми сафарбар намудани шаҳрванди бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок;
    - муддати тӯлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
    - ҳангоми кӯчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;
    - ба охир расидани мӯҳлати таъиншудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
    - ошкор гардидани ҳолатҳои бо роҳи фиреб гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
    - ҳангоми бо қарори суд таъин шудани ҷазо дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ нисбати шахси бекоре, ки кӯмакпулӣ мегирад;
    - ҳангоми таъин намудани нафақа аз рӯи синну сол ва барои хизматҳои дарозмуддат, мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19. Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин ба муддати то 3 моҳ боз дошта мешавад:
    - даст кашидан аз ду пешниҳоди ҷойи кори мувофиқ дар давраи бекорӣ;
    - ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳӯшкунанда ба вуҷуд омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст;
    - ба кори муваққатӣ ё ба кори рӯзи ҳафтаи кориаш кӯтоҳ бе огоҳ намудани мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ машғул шудани шахси бекор;
    - аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор. Дар ин сурат боздоштани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз рӯзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.
20. Давраи боздошта шудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.
21. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ инчунин дар давраҳои зерин дода намешавад:
    - дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррар намудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;
    - аз ҷойи истиқомати доимӣ баромада рафтани шаҳси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рӯзона;
    - даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои вобаста бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ.
22. Давраҳои болозикр ба давраи умумии пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешаванд ва онро дароз менамоянд.
23. Дар ҳолатҳои зерин андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба мӯҳлати то як моҳ кам карда шавад:
    - дар давоми 2 ҳафта аз рӯзи гирифтани роҳхат ба ҷойи кор бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо;
    - бе сабаби узрнок ҳозир нашудан ба мақомоти  маҳаллии шуғли аҳолӣ барои гирифтани роҳхат ба ҷойи кор, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ.
24. Даврае, ки дар давоми он шаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегирад, собиқаи меҳнатии ӯ қатъ намегардад ва ин давра ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил мешавад. Дар ин хусус ҳатман дар дафтарчаи меҳнатии шаҳрвандони бекор қайдҳои дахлдор карда шуда, бо мӯҳри мақомоти маҳаллии шуғли аҳолӣ тасдиқ карда мешавад.


Савол ва ҷавобҳои маъмултарин
Шаҳрвандоне, ки кори худро аз даст доданд, чӣ имтиёзҳо доранд?

Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат дода мешавад.

Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандон, бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд?

1. маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ҳаждаҳ моҳи охир аз ҷойи кори охирин, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода шудааст;

2. шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

3. дафтарчаи меҳнатӣ;

4. ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ;

5. шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

6. маълумотнома аз мақомоти андоз оиди шахси инфиродӣ набудани шаҳрванд;

7. маълумотнома аз мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ оид ба нафақахӯр набудани шаҳрванд.

Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд билети ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, барои гирифтани кӯмакпулӣ, бояд кадом ҳуҷҷат пешниҳод намоянд:

Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд:

    - билети ҳарбӣ

шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд:

    - маълумотномаи озодшавӣ пешниҳод менамоянд.

Мавҷуд набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои ба қайд нагирифтани шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, асос шуда метавонад.

Ярмарка чист ва дар куҷо мегузарад?

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ яке аз чорабиниҳои фаъоли мусоидат барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бе шуғл ва корҷӯй мебошад, ки дар он намояндагони (шуъбаи кадрҳо) ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон иштирок намуда, ҷойҳои кории холияшонро пешниҳод менамоянд.

Ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷойҳои сер одам ва назди бозорҳою терминалҳои мусофиркашонии ҳудудӣ шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Барои пайдо намудани ҷойи кори холӣ ман бояд чи кор кунам ва ба куҷо муроҷиат намоям?

Ҷавоб: Барои пайдо намудани ҷойи кори холӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳаллӣ зист муроҷиат намоед.

Ҷавоб: Ҳамзамон, дар ярмаркаҳои ҷойҳои кориии холие, ки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳаллӣ зистатон ҳар моҳ баргузор менамоянд, иштирок намоед.

Ҷавоб: Ба сомонаи маҳзани миллии маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (www.kor.tj) ворид гардида, вобаста ба ихтисос ва касбатон ҷойи кориро интихоб намоед.

Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрванди бекор кадом ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зист пешниҳод намоянд?

Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрвандони бекори дар қайд буда, ки корро ҷустуҷӯ менамоянд, бояд ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зист ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

    - Аризаи шаҳрванд ба унвонии роҳбари мақомоти шуғли аҳолии маҳалли зист (Замимаи 1);

    - Нақшаи тиҷоратӣ (Замимаи 2);

    - Маълумот оид ба даромади умумии оила;

    - Асоси техникию иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ;

    - Маълумотнома оиди нафақахур набудан;

    - Маълумотнома аз кумитаи андоз:

Шарикони мо