Асосӣ / Квотаҳо
Квотаҳо
Қоидаҳо дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" таҳия шуда, тартиби муқаррар намудани квотаро барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ муайян менамоянд.:
I. Муқаррароти умумӣ

1. Ин Қоидаҳо дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" таҳия шуда, тартиби муқаррар намудани квотаро барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ муайян менамоянд.

2. Квота - ин ҳиссаи (қисми) ҷойҳои кориест, ки аз тарафи ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ барои бо кор таъмин кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ махсусан муқаррар, пешниҳод карда мешаванд.

3. Гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ - шахсони синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд.


II. Шарту қоидаҳои муайян намудани квота

4. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо талаботи бозори меҳнатро меомӯзанд, шумораи гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолиро, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд ва дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, муайян намуда, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои муқаррар намудани квота дар ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ пешниҳод манзур менамоянд.

5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо намояндагони иттиҳодияҳои корфармоён ва иттифоқҳои касаба ҳар сол дар ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ квота муқаррар менамоянд.

6. Дар корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ (агар шумораи воҳиди корӣ аз 20 адад кам набошад), квота дар ҳаҷми 6 (шаш) фоизи шумораи умумии воҳиди корӣ муқаррар карда мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти вазъи бозори меҳнат ва талаботи ташкилотҳо дар минтақаҳо тақсимоти квотаро барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ муайян ва таъмин менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 675).

7. Ҳангоми муқаррар намудани квота миқдори ҷойҳои корӣ, ихтисос, касбҳои зарурӣ ва шароити меҳнат ба назар гирифта мешаванд.

8. Агар ҷойҳои кории ба тариқи квота муқарраршуда аз тарафи гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дар давоми як сол ишғол карда нашаванд, он гоҳ ин ҷойҳо соли дигар пешниҳод карда мешаванд.

9. Дар ҳолати истифода нашудани ҷойҳои кории ба тариқи квота муқарраршуда аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ касбомӯзонӣ ва бозомӯзонии ин гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ аз рӯи ихтисос ва касбҳои зарурӣ гузаронида шуда, онҳоро тибқи квотаи муқарраршуда ба ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ мефиристанд.

10. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ шаҳрвандонро дар бораи ҷорӣ кардани квота тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз ду моҳ хабардор менамоянд.


III. Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби квота бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд

11. Ба гурӯҳи шаҳрвандоне, ки тибқи квотаи муқарраршуда бо ҷои кор таъмин мегарданд, шахсони зерин дохил мешаванд:

- маъюбон;

- ятимони ноболиғ;

- шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд;

- шахсоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд;

- волидони яккаву танҳо, инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд;

- волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд;

- шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидонашон ва ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба ӯҳда доранд;

- шаҳрвандоне, ки барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромаданашон ду сол боқӣ мондааст;

- шаҳрвандони то синни 18 сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристода шудаанд.

12. Бо ҷои кор таъмин шудани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ба тариқи квота дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва муроҷиати бевоситаи онҳо ба ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо амалӣ мегардад.


IV. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корфармоён дар таъмини гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ба ҷои кор аз ҳисоби квотаи муқарраршуда

13. Корфармо ҳуқуқ дорад:

- аз мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ маълумотро оид ба ҳолати бозори меҳнат дастрас намояд;

- ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои таълим ва бозомӯзонии кормандоне, ки тавассути квота ба кор қабул шудаанд, дархост пешниҳод намояд.

14. Корфармо ӯҳдадор аст:

- тибқи квотаи муқарраршуда шаҳрвандонро бо ҷои кор таъмин намояд;

- ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ бо назардошти вазъи саломатӣ ва ҳолати иҷтимоиашон шароити корӣ таъмин намояд;

- ҷойҳои кории тибқи квота барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ муқарраршударо танҳо дар мувофиқа бо мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ихтисор намояд;

- тавсияҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоиро оид ба вақти нопурраи корӣ иҷро кунад, кори муносиб ва дигар шароити меҳнатро барои маъюбон таъмин намояд;

- барои кормандони ба кор қабулшуда оид ба ҳифзи меҳнат корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад;

15. Ҳангоми ихтисор намудани шумора ё воҳиди (штати) корӣ шахсоне, ки тибқи квота бо кор таъмин шудаанд, ҳуқуқи афзалиятноки дар кор монданро доранд, агар миқдори чунин шахсон аз квотае, ки барои шумораи нави кормандон муқаррар шуда, зиёд набошад;

16. Мувофиқи тартиби муқарраршуда мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ оид ба фаъолияти худ дар ин самт ҳисоботи оморӣ пешниҳод менамояд.

17. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои ин Қоидаҳоро назорат менамоянд.


Савол ва ҷавобҳои маъмултарин
Шаҳрвандоне, ки кори худро аз даст доданд, чӣ имтиёзҳо доранд?

Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат дода мешавад.

Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандон, бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд?

1. маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ҳаждаҳ моҳи охир аз ҷойи кори охирин, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода шудааст;

2. шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

3. дафтарчаи меҳнатӣ;

4. ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ;

5. шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

6. маълумотнома аз мақомоти андоз оиди шахси инфиродӣ набудани шаҳрванд;

7. маълумотнома аз мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ оид ба нафақахӯр набудани шаҳрванд.

Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд билети ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, барои гирифтани кӯмакпулӣ, бояд кадом ҳуҷҷат пешниҳод намоянд:

Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд:

    - билети ҳарбӣ

шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд:

    - маълумотномаи озодшавӣ пешниҳод менамоянд.

Мавҷуд набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои ба қайд нагирифтани шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, асос шуда метавонад.

Ярмарка чист ва дар куҷо мегузарад?

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ яке аз чорабиниҳои фаъоли мусоидат барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бе шуғл ва корҷӯй мебошад, ки дар он намояндагони (шуъбаи кадрҳо) ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон иштирок намуда, ҷойҳои кории холияшонро пешниҳод менамоянд.

Ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷойҳои сер одам ва назди бозорҳою терминалҳои мусофиркашонии ҳудудӣ шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Барои пайдо намудани ҷойи кори холӣ ман бояд чи кор кунам ва ба куҷо муроҷиат намоям?

Ҷавоб: Барои пайдо намудани ҷойи кори холӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳаллӣ зист муроҷиат намоед.

Ҷавоб: Ҳамзамон, дар ярмаркаҳои ҷойҳои кориии холие, ки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳаллӣ зистатон ҳар моҳ баргузор менамоянд, иштирок намоед.

Ҷавоб: Ба сомонаи маҳзани миллии маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (www.kor.tj) ворид гардида, вобаста ба ихтисос ва касбатон ҷойи кориро интихоб намоед.

Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрванди бекор кадом ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зист пешниҳод намоянд?

Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрвандони бекори дар қайд буда, ки корро ҷустуҷӯ менамоянд, бояд ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зист ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

    - Аризаи шаҳрванд ба унвонии роҳбари мақомоти шуғли аҳолии маҳалли зист (Замимаи 1);

    - Нақшаи тиҷоратӣ (Замимаи 2);

    - Маълумот оид ба даромади умумии оила;

    - Асоси техникию иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ;

    - Маълумотнома оиди нафақахур набудан;

    - Маълумотнома аз кумитаи андоз:

Шарикони мо