Мизи мудаввар дар мавзўи
«Масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ»
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии “Нақша – чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани хизматҳои машваратӣ ба муассисаю ташкилотҳо” санаи 20 октябри соли 2022 бо иштироки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «Масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ» мизи мудаввар баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур, мутахассисони мақомоти дахлдори давлатӣ, намояндагони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, ба ҳозирин дар хусуси масъалаҳо вобаста ба пардохти музди меҳнат, пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид, пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, вақти истироҳат, рухсатиҳои меҳнатӣ, бастан ва бақайдгирии огоҳонии шартномаҳои коллективӣ, коллективи меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат, тартиби аз ҷониби корфармо пешниҳод намудани ҷойҳои кории холӣ ва паҳлуҳои дигар талаботҳо, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд маълумот манзур намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар чорабинии болозикр табибон, ҳамшираҳои шавқат, кормандони шуъбаю бахшҳои кадрӣ, сармуҳосибон ва муҳосибони музди меҳнат, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва дигар мутахассисони зиёда аз 60 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла пардохти изофакорӣ, иловапулиҳо, рухсатӣ барои собиқаи кории давомнок, рухсатиҳои бемузд, тартиби бастани шартномаи коллективӣ ба талабот ҷавобгуй, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, муҳлати пешниҳоди варақаҳои корношоями, ставкаҳои корӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва дигар камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти кории муассисаҳои мазкур саволҳо пешниҳод гардида, ба ҳамаи онҳо аз ҷониби мутахассисон ва шарикони иҷтимоӣ посухҳои қаноатбахш дода шуд. Ҳамзамон, дар рафти вохўри аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони қобили меҳнат ва мусоидат ба муассисаю ташкилотҳо дар таъмини шароити зарурии меҳнати кормандон нусхаи баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018 №197 “Дар бораи Номгўйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории давомнок”, “Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид”, “Дастуруламал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат” ва “Тартиби ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастраси иштироккунандагон гардида, барои роҳбарӣ ва корбарӣ тавсия дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, аз тарафи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 1140 маротиба чунин чорабиниҳо гузаронида шудааст, ки ҳадаф аз ин самти фаъолияти Агентӣ барои дар амал татбиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ дар муасиссаю ташкилотҳо мусоидат намуда, савияи ҳуқуқи ва маъсулиятшиносии корфармоён ва кормандонро дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ баланд мебардорад.
Раёсати ҳифзи меҳнати
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ