Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Хониши идоравӣ

 Хониши идоравӣ дар

 мавзуъи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ”

 

         Санаи 26 майи соли 2022, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 “Дар бораи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ”, бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ, хониши идоравӣ бо иштироки Зулфониён Раҳим, Сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намуд.

        Муовини якуми Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Давлат Мизроб ҷаласаро оғоз  намуда,  қайд намуданд, ки  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд буда ба Зулфониён Раҳим аз номи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва кормандон барои иштирокашон  изҳори  миннатдорӣ  баён  намуданд.

 Қайд гардид, ки яке аз муқаддасоте, ки муаррифгари миллат ҳасту моро бо ҷаҳониён мепайвандад, ин забон мебошад. Аз санаи қабул гардидани Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” (22.07.1989.) сол то сол мавқеъ ва нуфузи он афзун гардида, ҷиҳати рушду инкишоф ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии вайрон кардани он чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Зеро забон яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нишони ҳастии миллату давлат шинохта шудаааст.

        Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ бо забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯянд. Ин аллакай гувоҳи он аст, ки ҷаҳон ин забонро эътироф  кардааст. Имруз  забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама имруз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва  иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ дар даврони истиқлолияти кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чӣ дар корҳои давлатдорӣ ва чӣ дар арсаҳои сиёсиву  иқтисодӣ  ва  иҷтимоиву фарҳангӣ  вусъати  бесобиқа  ёфт.

      

                                                              Мудири бахши

                                                                  Иттилоотӣ

                                                            Сафарова Нилуфар

Шарикони мо